ДАР СОҲИЛИ ДАРЁҲОИ ШАҲРИ ВАҲДАТ КОРҲОИ СОҲИЛМУСТАҲКАМКУНӢ ҶАРАЁН ДОРАНД
Бо мақсади пешгирӣ аз офатҳои табиӣ дар шаҳри Ваҳдат корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ вусъат меёбанд. Зеро ҳамасола бар асари боронҳои пай дар пай сатҳи об баланд шуда, ба заминҳои корами кишоварзӣ хисорот мерасонад.
Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ташкилоту муассисаҳо ва соҳибкорони ватанӣ дар Ҷамоати шаҳраки Н. Розиқ, дар соҳили рости дарёи Кофарниҳон, воқеъ дар бозори Хайриён дар масофаи 150 метр корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ба анҷом расонида шудааст.
Сутунпояи пули болои дарёи Кофарниҳон аз тарафи бозори Хайриён, ки дар ҳолати садамавӣ қарор дошт, барқарор карда шуда, айни замон рафту омади шаҳрвандон бехатар гардидааст.
Ҳамчунин бо дастгирии аҳолӣ тоза намудани канали Роҳатии Ҷамоати деҳоти Баҳор, корҳои соҳилмустаҳкакунии соҳили дарёи Симиганҷ дар ҳудуди Ҷамоати шаҳраки Н. Розиқ ва маҳаллаи Наврӯз дар масофаи 300 метр анҷом дода шуд.
Дар деҳаҳои Симиганҷ ва Арбобии Ҷамоати деҳоти Симиганҷ ба масофаи 120 метр дар соҳили дарёи Симиганҷ барои пешгирии офатҳои табиӣ, омадани сел симтур хобонида шудааст. Ба ин васила, тибқи лоиҳа, аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ дар соҳили дарёи Кофарниҳон, дар ҳудуди деҳаи Зафарёби Ҷамоти деҳоти Симиганҷ корҳо ба масофаи 875 метр бо хобонидани таҳкурсӣ ва деворҳои иҳотавии бетонӣ ба анҷом расонида шуданд.
https://khovar.tj/
Ҳамчунин дигар наворҳо:



