БО ВОЛИДАЙНУ ХОНАНДАГОНИ МТМУ№70 ВОХӮРӢ ДОИР ШУД
Санаи 10-уми ноябри соли 2025, дар доираи нақша- чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат, дар ҳамбастагӣ бо соҳаҳҳои дахлдор бо усули "мактаб ба мактаб" бо волидайну омӯзгорон ва хонандагони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70 вохӯрӣ доир шуд, ки дар он намояндагон аз шуъбаю бахшҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр иштирок намуда, оид ба дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат, ки зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ҷиҳати донишомӯзии ҷавонон, омӯхтани забонҳои хориҷӣ, таваҷҷуҳи зиёд додан ба фанҳои дақиқ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани насли ҷавон, ободии ҷумҳурӣ, ҳифзи амният ва оромии ҷомеа баён намуданд, сухан гуфта шуд.
Зимни вохӯрӣ муҳтавои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», «Дар бораи маориф» ва «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» фаҳмонида шуданд.
Инчунин, масъалаҳои пешгирии омилҳои номатлуб байни наврасону ҷавонон, ҷинояткорӣ, пешгирии онҳо аз ҳамроҳшавӣ ба гурӯҳҳои экстремистию террористӣ, ҷалби падару модарон ба таълиму тарбияи фарзанд, ҳатмӣ будани таҳсил дар зинаи сеюми таҳсил ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз муҳокима гардиданд.
Ҳамзамон, дар вохӯрӣ масоили пешгирии ҷавонон аз шомил шудан ба гурӯҳҳои ифротӣ, тарбияи ҷавонон дар руҳияи садоқат ба Ватан, хизмат намудан дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, тарбияи кадрҳои баландихтисос ва иззату эҳтироми омӯзгорон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҳамчунин дигар наворҳо:



