ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК ДАР ШАҲРИ ВАҲДАТ
Боиси сарфарозист, ки ҳамасола санаи 10-уми ноябр ҳамчун Рӯзи милитсияи тоҷик дар кишвари азизамон ҷашн гирифта мешавад. Ба ин муносибат 10-уми ноябри соли 2025 дар толори кохи маърифати шаҳри Ваҳдат ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Дар ҷамъомади идона раиси шаҳри Ваҳдат Мирзо Исмоилзода, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, ҳайати кормандони милитсия ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.
Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.
Сипас, раиси шаҳр Мирзо Исмоилзода суханронӣ намуда тамоми кормандони милитсияи кишваро, бахусус, кормандони ШВКД дар шаҳри Ваҳдатро бо ин санаи фархунда табрику таҳният намуданд.
Гуфтанд, ки боиси ифтихор ва сарфарозист, ки имрӯзҳо дар радабандии кишварҳои амнтарини ҷаҳон ва сатҳи боварии мардум ба мақомоти милитсия Тоҷикистон дар ҷойи аввал меистад. Тавре гуфта шуд, мақомоти корҳои дохилӣ, ки вазифаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти ҷомеа, таҳкими волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, ҳимояи манфиатҳои қонунии муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, ташкилотҳои шакли моликияташон гуногун ва коллективҳои меҳнатӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ ба уҳдаи онҳо вогузор шудааст, дар сохтори мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон яке аз мақомҳои аввалро доро мебошад.
Ҳайати шахсӣ ва кормандони ин мақомот ҳамчун ҳомиёни боэътимоди давлат ва ҷомеа аз бисёр имтиҳону озмоишҳои сахту сангин, хусусан дар солҳои барои таърихи навини кишварамон вазнин бо матонату шуҷоат ва далериву мардонагӣ гузаштаанд.
Хизматҳои софдилонаву содиқонаи як зумра собиқадорони милитсия, ки умри бобаракати худро баҳри таъмини суботу оромии ҷомеа сарф кардаанд ва имрӯзҳо насли ҷавонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва ҳимояи марзу буми кишвар тарбия намуда истодаанд.
Ҳамзамон, сардори ШВКД дар шаҳр полковники милитсия Фируз Одиназода баромад намуда, таъкид намуданд, ки кормандону хизматчиёни мақомоти корҳои дохилӣ имрӯз низ дар сафи пеши мубориза бо ҷинояткорӣ, таҳкими субот ва тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи моликияти давлат ва шаҳрвандон қарор дошта, вазифаҳои мураккаб ва мушкили худро дар назди давлату ҷомеа сарбаландона иҷро мекунанд.
Маҳз бо дастгириву ғамхории пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи солҳои соҳибистиқлолӣ мақомоти корҳои дохилӣ ба як ниҳоди боэътимоди пурқувват, кафили амнияти дохилии кишвар мубаддал гардид.
Дар ҷамъомад изҳори боварӣ гардид, ки ҳайати шахсии шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Ваҳдат, минбаъд низ барои ҳифзи тартибот, таъмини зиндагии осоиштаи мардум, пуштибонии сулҳу субот ва таҳкими волоияти қонун дар ҷомеа неруи маънавию ҷисмонӣ, маҳорати касбӣ ва донишу малакаи худро дареғ намедоранд ва ба халқу Ватани азизамон беғаразона, бо дасту дили пок содиқонаву софдилона хизмат менамоянд.
Дар охир ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик роҳбарияти шаҳр ба роҳбарон ва як қатор кормандони мақомоти корҳои дохилии шаҳр барои саҳми арзанда гузоштан дар ташкил ва баргузории чорабиниҳои муҳими сиёсӣ, иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ ифтихорнома ва сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар вазъияти тантанавӣ тақдим намуданд.
Дар охир аз ҷониби аҳли ҳунармандони бахши фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат суруду таронаҳои дилнишин пешниҳоди меҳмонон гардонида шуд.
Ҳамчунин дигар наворҳо:



