ҶАМЪОМАДИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ҚАБУЛИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ ВАҲДАТ

05 ноя 2025, 11:49
Слайдер / Соҳаҳо / Навид / Навигариҳо
2
 
Санаи 5- уми ноябри соли равон дар Кохи маърифати шаҳр ба муносибати 31- солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он раиси шаҳр муҳтарам Исмоилзода Мирзо, сардорони сохторҳои қудратӣ, муовинони раиси шаҳр ва дигар кормандон иштирок намуданд.
Ҷамъомад бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳуриии Тоҷикистон оғоз гардид.
Раиси шаҳри Ваҳдат муҳтарам Мирзо Исмоилзода, баромад намуда нахуст иштирокдорони чорабинӣ ва кулли сокинони шаҳри Ваҳдатро ба муносибати 31-солагии Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош намуда, таъкид дошт, ки Конститутсия санади олии ҳуқуқии Тоҷикистони соҳибистиқлол буда, 6-уми ноябри соли 1994 халқи кишвар бахтномаи миллати худро тариқи райъпурсии умумихалқӣ қабул намуд.
Ин санади олии ҳуқуқӣ Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар арсаи ҷаҳони муосир ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва иҷтимоӣ муаррифӣ намуд.
Зикр гардид, ки маҳз туфайли сиёсати хирадмандонаву оқилона ва ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Конститутсияи Тоҷикистон дар ҳифзи арзишҳои миллӣ қадамҳои устувор гузошта шуд.
Ин аст, ки айни ҳол Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи Конститутсияҳои беҳтарини ҷаҳони муосир қарор дошта, сохти давлатдорӣ ва низоми ҳаёти ҷомеаи нави Тоҷикистонро муайян намуда, ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар кишварамон асоси боэътимод мегузорад.
Дар партави Конститутсияи воқеан демократӣ ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат эътибори сиёсии давлати навини тоҷикон дар арсаи байналмилаливу ҷаҳони муосир афзуд ва мардуми тоҷик соҳиби мавқеъи арзанда, низоми мусоиди фарҳанги сиёсии худ гардид.
Ҳамзамон, дар чорабинӣ раиси суди шаҳри Ваҳдат Далер Зуҳурзода оид ба нақш ва мақоми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷомеа, пешрафтҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол баъди қабул гардидани ин санаи таърихӣ ва саҳми нотакрори Пешвои муаззами миллат дар боло шудани нуфузи эътибори мамлакат дар арсаи ҷаҳонӣ суханронӣ намуданд.
Инчунин, дар охири чорабинӣ кормандони шуъбаи фарҳанги шаҳр барномаи фарҳангӣ баргузор намуданд, ки бо шеъру таронаҳои ватандӯстӣ дили аҳли толоро хурсанд гардониданд.

Ҳамчунин дигар наворҳо: