ЯК ВОХӮРИИ СУДМАНД ДАР ШАҲРИ ВАҲДАТ

04 июн 2025, 21:27
Навид / Навигариҳо / Слайдер / Ҷавонон ва варзиш
98

Имрӯз, 4 июни соли ҷорӣ дар  толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат бо мақсади иҷрои бандҳои 8.3 ва 9 карори ҷаласаи шурои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6-уми майи соли 2025 вобаста ба вусъатбахшии корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ дар байни ноболиғон, хусусан хонандагони муассисаҳои таълимӣ, пешгирӣ ва муайян намудани сабабу омилҳои даст ба ҷиноят задани ноболиғон ва содир намудани ҷиноят нисбати онҳо, бахусус ба муқобили дахлнопазирии ҷинсии ноболиғон, бо дастрасии моддаи 18 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон" вохӯрӣ доир шуд, ки дар он кормандони прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, прокуратураи шаҳри Ваҳдат, муовинони раиси шаҳр, роҳбарони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, мудирони шуъбаю бахшҳои назди мақомоти маҳаллӣ, омӯзгорон, имомхатибон, сохторҳои қудратӣ ва дигар намояндагон иштирок доштанд.

Ҳамзамон, вобаста ба иҷрои бандҳои 8.3 ва 9 қарори ҷаласаи шурои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ ва муайян намудани сабабу омилҳои даст ба ҷиноят задани ноболиғон ва содир намудани ҷиноят нисбати онҳо, бахусус ба муқобили дахлнопазирии ҷинсии ноболиғон ва дигар корҳои фаҳмондадиҳӣ, ҷиҳати бурдани корҳои ташвиқотӣ ва тарғиби қонунгузорӣ аз ҳисоби кормандони мақомоти прокуратураи генералӣ, вазоратҳои корҳои дохилӣ, маориф ва илм, кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, занон ва оила дарҳайати зерин гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд.

Ҳамчунин дигар наворҳо: