БАХШИДА БА РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ ДАР ШАҲРИ ВАҲДАТ ЧОРАБИНИИ ИДОНА ДОИР ШУД
Санаи 24- уми майи соли 2025 дар варзишгоҳи марказии шаҳри Ваҳдат бахшида ба Рӯзи байналмилалии футбол ва моҳвораи Рӯзи ҷавонон чорабинии тантанавӣ доир гардид.
Дар чорабинии мазкур раиси шаҳри Ваҳдат, роҳбарони сохторҳои қудратии шаҳр, намояндагони касбу кори гуногун гирандагони стипендияи президентӣ ва стипендияи раиси шаҳр, ғолибони олимпиадаҳои фаннӣ ва варзишгарони номбардори шаҳр иштирок намуданд.
Пас аз садо додани Суруди миллии Тоҷикистон раиси шаҳр Мирзо Исмоилзода аз таърихи пайдоиши бозии футбол, аҳамияти ин намуди варзиш, саҳми президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар Рӯзи ҷаҳонии футбол сухан ронда, аҳли ҳамоишро ба ин муносибат табрик ва дар рушди футболи тоҷик барояшон комёбиҳои навро таманно намуд. Ҳамчунин, ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Сайвалӣ Дониёрзода аз номи федератсия варзишгарони шаҳри Ваҳдат ва мухлисонро ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии футбол табрик намуд.
Инчунин, зимни чорабинӣ Мирзо Исмоилозода ба муносибати Рӯзи ҷавоно кулли ҷавонони кишваро, бахусус, ҷавонони Ватандӯсти шаҳро табрик гуфта зикр намудан: “Шумо ҷавонони ватандӯсту ватанпарвар, матину қавиирода ва далеру шуҷоъ дар ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва ҳаёти ҷомеа далерона фаъолият намуда, дар пешрафти Ватани азизамон, аз ҷумла шаҳри зебои Ваҳдат ҳиссаи муносиб мегузоред, барои ободиву пешрафти Ватани маҳбубамон софдилона хизмат карда, марзу буми сарзамини аҷдодӣ ва амнияту оромии давлатро содиқона ҳифз менамоед ва бо донишҳои муосири худ ҳамчун мутахассисони оянда ба хотири тараққиёти кишварамон саҳми назаррас мегузоред.
Раиси шаҳр зимни суханронӣ баён дошт, ки таҷлили Рӯзи ҷавонон ин санаи муҳиму сарнавиштсоз дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат мегирад. Ӯ афзуд, ки саҳми ҷавонон дар рушди устувори ҷомеа назаррас буда, дар тамоми самтҳо пешсаф ва ташаббускоранд.
Ҳамчунин, гуфтан ба маврид аст, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвари азизамон, дар самти баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа, муҳайё сохтани шароити мусоид барои таълиму тарбияи онҳо, илму касбомӯзӣ, аз худ кардани забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои муосири иттилоотию коммуникатсионӣ тамоми шароитҳои зарурӣ муҳайё карда шудааст.
Ҷавононро зарур аст, ки дар баробари равандҳои ҷаҳонишавӣ бо афкору ақидаи солим, садоқату ватандӯстӣ ва ҳисси ифтихор аз ҳуввияти миллии хеш устувор бошанд. Чуноне давлату Ҳукумат ба ҷавонон такя карда, онҳоро ояндаи халқу пойдории миллат меноманд, онҳо низ бояд баҳри ҳифзи марзу буми Ватан ва рушду нумуи он ҳамеша ҳушёру омода бошанд”.
Ҳамзамон, зикр гардид, ки боиси хушҳолист, ки Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ 9-уми феврали соли 2024 бори нахуст ба Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод намуданд, ки нақши футбол дар сатҳи ҷаҳонӣ пазируфта шавад ва бо қабули қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид расман Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон гардад.
Ёдовар мешавем, ки 7 май Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатънома дар бораи эълон намудани Рӯзи ҷаҳонии футбол, ки аз ҷониби Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ пешниҳод гардида буд, қабул намуд. Бо қабули қатъномаи махсуси Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид 25 май ба таври расмӣ Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон шуд.
Дар охир, барномаи фарҳангии бошукӯҳ бо иштироки сарояндагони ҷумҳурӣ баргузор гардид.
Ҳамчунин дигар наворҳо:


