ВОХӮРИИ МУОВИНИ РАИСИ ШАҲР БО КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ

22 май 2025, 10:34
Слайдер / Навид / Навигариҳо / Тандурустӣ
9

 Санаи 22- уми майи соли 2025 бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати истифодаи оқилонаи неруи барқ дар беморхонаи марказии шаҳри Ваҳдат бо иштирокимуовини раиси шаҳр Шоира Абдураҳимзода  ва дигар масъулон вохӯрӣ доир гардид.

Муовини раиси шаҳр зикр кард, ки тибқи тағйироти ба кодексҳои ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ воридшуда, ҳангоми риоя накардан ва вайрон кардани қоидаву меъёрҳои истифодаи қувваи барқ ва гармӣ истеъмолкунанда ба ҷавобгарӣ (ҷарима ва ё аз озодӣ маҳрум) кашида мешавад. Аз ин хотир, ҳар шаҳрванд вазифадор аст, ки аз неруи барқ ва гармӣ самаранок истифода бурда, дар баробари ин, маблағи истифодаи онро сари вақт супорад.

Таъкид шуд, ки истифодаи самараноки неруи барқ, пардохти саривақтии маблағ ва истифода бурдан аз дастгоҳҳои каммасрафи барқӣ нишонаи фарҳанги баланд ва масъулияти шаҳрвандии ҳар сокини мамлакат ба ҳисоб меравад.
Дар вохӯрии мазкур ба кормандони соҳаи тандурустии шаҳр усулҳои сарфаи неруи барқ ва талаботи қонунгузорӣ барои риоя накардани қоидаҳои истифодаи қувваи барқ ва гармӣ фаҳмонда шуд.

Гуфта шуд, ки сарфаю сариштакории неруи барқ ба манфиати мардум буда, ба ғанӣ гардидани буҷети оилаҳо ва давлат мусоидат менамояд.

 

Ҳамчунин дигар наворҳо: