ПЕШВОИ МИЛЛАТ - БУНЁДГУЗОРИ СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ҶАВОНОН
"Мо бояд барои ҷавонон чунин шароите муҳайё созем, ки илму донишҳои муосирро аз худ кунанд, касбу ҳунарҳои замонавиро омӯзанд ва оянда мақоми арзандаи худро дар ҷомеа соҳиб шаванд".
Эмомалӣ Раҳмон
Дарвоқеъ, амри собитшуда аст, ки рушди ҳар кишвар, дар баробари дигар арзишҳо, ба захираҳои инсонӣ, аз ҷумла ҷавонон, вобаста аст. Бо дарки ҳамин нуктаи муҳим, Сарвари давлат новобаста ба вазъи душвори сиёсиву иқтисодии солҳои аввали истиқлоли давлатӣ ҳамеша дар андешаи ояндаи дурахшони ҷавонони мамлакат буданд. Ҳамин буд, ки 17-уми марти соли 1994 дар доираи Анҷумани якуми ҷавонони Тоҷикистон мулоқоти нахустини Пешвои муаззами миллат бо намояндагони ҷавонони кишвар баргузор гардид. Ҷавонон аз ин мулоқот неруву тавони тоза гирифта, барои ҳифзи истиқлоли давлатӣ ва сохти конститутсионӣ камари ҳиммат бастанд.
Боиси фараҳмандист, ки ҳоло дар кишвар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» амал намуда, дар зарфи қариб 34 соли соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҳукумат як қатор ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ-маъмурӣ доир ба дастгирии ҷавонон, аз қабили Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 1997) «Дар бораи тадбирҳои беҳтар намудани кор бо ҷавонон», Барномаи давлатии тарбияи ватанпарастии ҷавонони Тоҷикистон, Барномаи рушди саломатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консепсияи миллии сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон то соли 2020, эълон гардидани 23-юми май Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, таъсис додани Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, стипендия ва квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъсиси Шурои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани соли 2017 Соли ҷавонон қабул гардидааст, ки татбиқи самараноки сиёсати давлатии ҷавононро таҳким бахшида, мавқеи онҳоро дар ҷамъият боз ҳам устувор намуд. Чуноне Пешвои миллат дар яке аз суханрониҳо иброз доштанд: «Ғамхории Ҳукумат нисбат ба ҷавонон танҳо бо Соли ҷавонон маҳдуд намешавад. Баръакс, ҳалли масъалаҳои вобаста ба наврасону ҷавонон минбаъд низ самти муҳимтарини фаъолияти мо хоҳад буд».Воқеан, имрӯзҳо мушоҳида мешавад, ки ин ғамхориҳо маҳдуд нагардида, баръакс бештар мешавад. Ба таври мисол, барои ҷалб намудани наврасону ҷавонон ба омӯзиши илмҳои табиӣ, риёзӣ ва дақиқ солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон гардид. Аз 1-уми январи соли 2021 шумораи гирандагони стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз 400 нафар то 3000 нафар зиёд ва андозаи маблағи он 500 сомонӣ муқаррар карда шуд. Шумораи гирандагони чунин стипендияҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз 100 то 500 ва барои аспирантони мактабҳои олӣ ва муассисаҳои илмӣ аз 15 то 50 нафар зиёд гардид. Аз шумораи умумии стипендияҳо 70 дарсад барои фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ равона гардидааст.
Мо насли ҷавон бояд фаромӯш насозем, ҳар тадбире, ки дар мамлакат амалӣ мешавад, мақсади он, пеш аз ҳама, беҳбуди ҳаёти ҷавонон ва ба хотири ояндаи неки Тоҷикистон аст. Бо дарки амиқи ин рисолат, ҷавонони иззатманди кишвар бояд пайваста барои дар ҷомеа мавқеи арзандаро соҳиб гардидан кӯшиш намоянд ва донишу неруи худро ба манфиати Тоҷикистони азиз равона созанд.
Ҳамчунин дигар наворҳо:


