ҶАЛАСАИ КОРИИ НАЗДИ РАИСИ ШАҲР ДОИР ГАРДИД
Санаи 19-уми майи соли 2025 дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат, таҳти раёсати раиси шаҳр Мирзо Исмоилзода маҷлиси кории назди раиси шаҳр доир гардид. Дар маҷлис нахуст оид ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Семинар-машварати ҷумҳуриявии кишоварзон ва мулоқот бо фаъолон санаи 17 – уми майи соли 2025 дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон доир гардид сухан гуфта шуд. Инчунин, оиди соҳаҳои кишоварзӣ, маориф, пешгирӣ аз танбашавии нақлётҳо дар шоҳроҳ ва кӯчаҳои шаҳр, бунёди корхонаҳои саноатӣ, ба ҷойи кор таъмин намудани аҳолӣ, сарфакорона истифоба бурдани неруи барқ, тоза намудани шоҳроҳҳо ва хиёбонҳои маркази шаҳр аз партовҳо, ҳар ҳафта гузаронидани шанбегӣ дар идораву ташкилотҳои шаҳр, назорат бурдан оид ба савдои кӯчагӣ ва дигар мавзуъҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Раиси шаҳр ба масъулини соҳаҳо ва раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳр оид сари вақт иҷро намудани кишти пахта, оид ба дастуру супоришҳои Сарвари давлат дастурҳои мушаххас доданд. Ҳамчунин, ба раёсати маорифи шаҳр супориш дода шуд, ки барои ҷалби хонандагон ба озмунҳои маҳаллию ҷумҳуриявӣ ва пешгирии хонандагон аз ҷинояту ҷинояткорӣ чораҳои ҷиддиро роҳандозӣ намоянд.
Ҳамчунин дигар наворҳо:


