БАРГУЗОРИИ ДАВИ МИЛЛӢ ВА МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ
Имрӯз дар шаҳри Ваҳдат бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар ҳамкорӣ бо бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр, марафони велосипедронӣ ва Дави миллӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур кормандони касбу кори гуногун, аз ҷумла кормандони ташкилоту муассисаҳои шаҳр, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, наврасону ҷавонон, сокинони шаҳр, собиқадорон, хонандагон, бонувон ва намояндагони васоити ахбори омма фаъолона иштирок намуданд. Раиси шаҳри Ваҳдат Мирзо Исмоилзода, иштирокдорони Дави миллиро ба муносибати Рӯзи ҷавонон ва чорабинии имрӯза шодбош гуфта, ба онҳо иштироки фаъолона ва солимии ҷомеаро таманно намуд.
Қайд гардид, ки ҳамасола бо дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Рӯзи ҷавонон дар саросари кишвар «Рӯзи дави миллӣ» бо як шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад.
Ҳамзамон, раиси шаҳр Мирзо Исмоилзода, зимни баромад зикр кард: “Чунин чорабиниҳои оммавӣ дӯстиву рафоқатро таҳким бахшида, ба ташаккули тарзи ҳаёти солим замина мегузоранд.
Имрӯзҳо дар шаҳри Ваҳдат дар доираи тадбирҳои ҷашнӣ ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ки ҳамасола 23 май дар сартосари кишвар таҷлил мегардад, чорабиниҳои гуногуни тарбиявӣ, солимгардонӣ, фарҳангиву маърифатӣ ва ободонӣ ташкилу роҳандозӣ шуда истодааст.
Баргузории Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ аз ҷумлаи чунин маъракаҳои ҷашнист, ки дар кишвар ба ҳукми анъана даромадааст.
Мусобиқаи Дави миллӣ дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми марти соли 2007 «Дар бораи Рӯзи дави миллӣ» ҳамасола дар ҷумҳурӣ якшанбеи сеюми моҳи май гузаронида мешавад”.
Пас аз баромади раиси шаҳр марафони велосипедрони ва Дави оммавӣ бо эълони доварон оғоз гардид.
Пас аз қисмати ифтитоҳии чорабинӣ иштирокчиёни Дави миллӣ дар чанд гурӯҳ сабқат карданд.
Дар вазъи тантанавӣ ба ғолибону фаъолони марафони велосипедронӣ ва Дави миллӣ, барои иштироки фаъолона ва саҳмгузорӣ дар оммавӣ шудани варзиш медал, диплом, сипоснома ва мукофотҳои хотиравӣ супурда шуданд.
Гуфта шуд, ки мақсад аз баргузории мусобиқа таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он байни аҳолӣ мебошад.
Ҳамчунин дигар наворҳо:


