БА ИСТИФОДА ДОДАНИ БЕМОРХОНАИ МИНТАҚАВИИ ДЕҲОТИ ГУЛИСТОН

16 май 2025, 22:26
Слайдер / Тандурустӣ / Навид / Навигариҳо
12

  Ба шарофати истиқлоли давлатӣ ва иқдомҳои созандаи давлату Ҳукумат дар гӯшаву канори шаҳри Ваҳдат корҳои ободониву бунёдкорӣ вусъати тоза касб карданд. Роҳҳои мумфаршшуда, кӯчаву гулгаштҳои тозаю озода, корхонаҳои навбунёд, муассисаҳои таълимӣ, хонаҳои баландошёна, марказҳои хизматрасонӣ ва иншооти хуштарҳу замонавии маъмурию маишӣ далели ин гуфтаҳоянд.

Маҳз бо тадбирҳои андешидаи Сарвари маҳбуби давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва корсозиҳои Ҳукумати кишвар дар ҳар гӯшаи ҷумҳурӣ пешрафти соҳаҳои гуногуни барои зиндагии мардум муҳим ба назар мерасад. Соҳаи тиб аз зумраи он самтҳоест, ки бо сатҳи олии хизматрасонии тиббӣ ва ҷорӣ намудани тарзи ҳаёти солим байни аҳолӣ хеле рушдкарда мебошад. Имрӯз дар деҳаи Ҳуснободи Ҷамоати деҳоти Гулистони шаҳри Ваҳдат беморхонаи минтақавӣ, ки бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат, бахусус, раиси шаҳр муҳтарам Исмоилзода Мирзо Иброҳим дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии хайриявии "Тоҷикистон" пурра таъмир гардида, ба истифода дода шуд. Ҳамзамон, ҳуҷраҳои корӣ ва ҳуҷраҳои бистаринамоӣ бо мизу курсиҳо, дастгоҳҳои ташхисии замонавӣ ва рахти хоби беморон пурра муҷаҳҳаз гардонида шудаанд. Бояд зикр намуд, ки иншоот дар доираи омодагиҳо ба истиқболи 35- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмир гардид. Дар кушодашавии муассисаи мазкур Сардори раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ва технологияҳои муосири Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Холмирзо Бобохон, муовинони раиси шаҳр Абдураҳимзода Шоира, Мирзозода Баҳриддин, раиси Ҷамоати деҳоти Гулистон  Шарипов С., сартабиби беморхонаи марказии шаҳр Шарипов Ф., менеҷери шабакаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ Абдуназаров С., кормандони соҳаи тандурустии шаҳр иштирок намуда, меҳмононро дар сатҳи баланд истиқбол гирифтанд. Инчунин, намояндагони ташкилоти ҷамъиятии хайриявии "Тоҷикистон" аз беморхонаи рақами 3-и деҳаи мазкур дидан намуданд.

Маврид ба гуфтан аст, ки сокинони шаҳри Ваҳдат барои ободу зебо гардондани як гӯшаи Ватани хеш бо ҳисси баланди ватандӯстию ифтихормандӣ  саъю талош доранд. Барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр корҳои ободонию созандагӣ вусъат меёбанд. Боиси тазаккур аст, ки  бахшида ба ин ҷашни милливу фархунда дар шаҳр бунёду навсозии беш аз 800 иншоот дар назар аст. То ин вақт қисми зиёди  иншоотҳои гуногунсамт ба истифода дода шуд. Феълан, дар шаҳр бо ташаббусу дастгириҳои мақомоти марбута, соҳибкорон ва шахсони саховатпеша дар дигар иншооти ҷашнӣ корҳои сохтмонӣ ҷараён доранд.

Ҳамчунин дигар наворҳо: