БО УСУЛИ “ДЕҲА БА ДЕҲА” ВА “МАКТАБ БА МАКТАБ” ДАР ДЕҲОТИ ЧӮЯНГАРОН ВОХӮРӢ ДОИР ГАРДИД

06 май 2025, 08:14
Навид / Навигариҳо / Маориф
12

  Тибқи нақша чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат дар ҳамбастагӣ бо сохторҳои дахлдор имрӯзҳо дар муассисаҳои таълимии шаҳр бо усули «мактаб ба мактаб» ва дар деҳотҳо бо усули “деҳа ба деҳа” бо хонандагон, омӯзгорону сокинони деҳотҳо, барои вусъат додани корҳои таблиғотию ташвиқотӣ бобати пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, пешгирии қонунвайронкуниҳо байни ҷавонон, хурофотпарастӣ, мубориза бар зидди гардиши маводи мухаддир ва дигар масъалаҳои муҳим аъзои гурӯҳи кории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат вохӯриҳо доир гардида истодааст.

Дирӯз чунин вохӯрӣ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20-и Ҷамоати деҳоти Чӯянгарон бо иштироки сардори шуъбаи КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр Фирдавсӣ Асроров, муовини раиси шаҳр Баҳриддин Мирзозода, сардори раёсати маорифи шаҳр Нарзуллозода Зиёратшо ва дигар масъулон доир гардид.

 

 Зимни вохӯрӣ муҳтавои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», «Дар бораи маориф» ва «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» фаҳмонида шуданд.
Ҳамзамон, вобаста ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, истифодаи дурусти фарҳанги телефонҳои мобилӣ, пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, роҳ надодан ба таълимоти ғайрирасмии динӣ, тақвият бахшидани ҳисси худшиносию худогоҳӣ ва ватандӯстӣ, риояи намудани танзими анъана ва ҷашну маросим, инчунин, нуктаҳои асосии Паёми Президенти кишвар, даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва анҷом додани корҳои таблиғотию ташвиқотӣ дар ин самт  сухан гуфта шуд.

Зикр шуд, ки интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ яке аз воситаҳои асосие мебошанд, ки гурӯҳу ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ бо истифода аз онҳо ва паҳн кардани ҳар гуна сабтҳои видеоӣ ва наворҳои таблиғотӣ шахсони алоҳида, хусусан наврасону ҷавононро, ки ҳолати равониашон ҳанӯз комил нест, ба сафи худ ҷалб менамоянд.    Барои ба доми фиреби онҳо наафтодан наврасону ҷавононро зарур аст, ки фарҳанги истифодаи интернет, аз ҷумла шабакаҳои иҷтимоӣ ва манфиату зарари онҳоро донанд, аз интернет самаранок ва мақсаднок истифода бурда, донишҳои техникию технологиашонро мустаҳкам намоянд.

Таъкид гардид, ки вазифаи аслии мо васеъ намудани доираи ҷаҳонбинии ҷавонон аст, то онҳо ба доми хурофотпарастон, террористону ифротгароён наафтода, ҳамчун ҷавонони ватандӯсти асил ба воя расанд, барои ҳимояи Ватан ҳамеша омода ва ифтихор аз Тоҷикистон дошта бошанд. Ҷавонони мо бояд  дар баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум саҳми арзанда гузошта,  пеши роҳи қонунвайронкуниҳоро  бигиранд.

 

 

Ҳамчунин дигар наворҳо: