ҶАЛАСАИ КОРИИ НАЗДИ РАИСИ ШАҲР

06 май 2025, 07:34
Слайдер / Навид / Кишоварзӣ / Навигариҳо
72

  Дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат, таҳти раёсати раиси шаҳр Мирзо Исмоилзода маҷлиси кории назди раиси шаҳр доир гардид. Дар маҷлис рафти иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, оид иҷрои даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷкистон, оиди соҳаи кишоварзӣ, пешгирӣ аз танбашавии нақлётҳо дар шоҳроҳ ва кӯчаҳои шаҳр, тоза намудани шоҳроҳҳо ва хиёбонҳои маркази шаҳр аз партовҳо, ҳар ҳафта гузаронидани шанбегӣ дар идораву ташкилотҳои шаҳр, назорат бурдан оид ба савдои кӯчагӣ ва дигар мавзуъҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Раиси шаҳр ба масъулини соҳа ва раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳр оид сари вақт иҷро намудани даъвати ҷавонон ба ҳизмати ҳарбӣ изҳори сипос намуд. Ҳамзамон, ба масулон оиди рушди соҳаи кишоварзи дастуру супоришҳо доданд. Ҳамчунин, ба раёсати маорифи шаҳр супориш дода шуд, ки барои ҷалби хонандагон ба озмунҳои маҳаллию ҷумҳуриявӣ ва пешгирии хонандагон аз ҷинояту ҷинояткорӣ чораҳои ҷиддиро роҳандозӣ намоянд.

  

Ҳамчунин дигар наворҳо: