ВОХӮРИИ СУДМАНД БО ЗАНОНУ ДУХТАРОНИ ШАҲРИ ВАҲДАТ
Санаи 30-уми апрели соли равон бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат, дар толори хонаи маданияти Ҷамоати деҳоти Бозорбой Бурунов бо занону духтарони шаҳр вохӯрӣ доир шуд.
Дар он намояндагони Кумита, муовини раиси шаҳр Шоира Абдураҳимзода ва дигар масъулон иштирок ва суханронӣ карданд.
Вохӯрӣ дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуда, дар он муҳтавои қонунҳои миллӣ — «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», "Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, инчунин, нақшаҳои амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021- 2030, Барномаи давлатии рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2026 ва Барномаи давлатии пешгирии зӯроварӣ дар оила барои солҳои 2025-2030 шарҳ дода шуданд.
Гуфта шуд, ки бонувон баробари иҷрои рисолати модарии хеш дар ташаккули ҷомеаи муосир, пешрафти иқтисодиёту иҷтимоиёт, маорифу фарҳанг нақши муассир мегузоранд. Онҳо дар меҳвари таваҷҷуҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дошта, бо ташаббус ва дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому мартабаи арзандаро соҳибанд.
Ҳамзамон, вобаста ба раванди корҳои фаҳмондадиҳӣ дар шаҳр, мақому манзалати зан дар ҷомеа, тарбияи кадрҳои болаёқат аз ҳисоби занону духтарон, пешгирии зӯроварӣ дар оила, таълиму тарбияи насли наврас ва дигар масъалаҳои марбут ба самти занон ибрози назар карда шуд.
Инчунин, масъалаҳои арҷ гузошта ба фарҳанги миллӣ, аз байн бурдани фарҳанги бегона, кафолатҳои баробарҳуқуқии мардону занон, баланд бардоштани сатҳи донишу заковати бонувон, пешгирии никоҳи хешутаборӣ ва ҷалби бештари занон ба озмуну фестивалҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Таъкид гардид, ки дар амалӣ намудани танзими расму ойин, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ, либоси миллӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстиву масъулиятшиносӣ, талқин намудани урфу одатҳо дар зеҳну шуури наслҳо ягон қуввае дигар бештар аз занону духтарон саҳм гирифта наметавонад.
Аз иштирокчиён даъват карда шуд, ки дар таблиғ ва муосиргардонии либоси миллӣ, ки он яке аз воситаҳои асосии шинохти миллат дар ҷаҳон аст, саҳмгузор бошанд.
Гуфта шуд, ки ҳар як зан-духтари тоҷик бояд ба муқаддасотӣ миллӣ арҷ гузорад, арзишҳои ниёгонро ҳифз ва риоя намояд, дар пешгирии хурофот ва бегонапарастие, ки солҳои охир байни бархе аз занон роиҷ гардидааст, саҳм дошта бошад. Мавриди зикр аст, ки дар охири вохӯрӣ барои болидаруҳии занону духтарони шаҳр барномаи фарҳангӣ доир гардид.
Ҳамчунин дигар наворҳо:


