ҒОЛИБОНИ ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА» МУАЙЯН ГАРДИДАНД
Иштироки муовини раиси шаҳри Ваҳдат Шоира Абдураҳимзода ва гулдухтарони шаҳр, дар ҳамоиши ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ҷумҳуриявии озмуни «Сайри гули лола», ки 26-уми апрели соли 2025 дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии пойтахт баргузор гардид.
Зимни он ғолибон бо Шоҳҷоиза (Гран-при), дипломҳои дараҷаи 1, 2, 3 ва шахсони ташаббускор, роҳбарони корхона, муассиса ва дигар ташкилот, ки дар он фаъолона иштирок намудаанд, бо «Ифтихорнома» ва «Сипоснома»-и Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуданд.
Фестивали ҷумҳуриявии гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» аз рӯи 10 номинатсия: «гулпарвари беҳтарин», «гулгашт ва хиёбон», «боғҳои фарҳангию фароғатӣ», «деҳаи беҳтарин», «маҳаллаи беҳтарин», «деҳоти беҳтарин», «шаҳраки беҳтарин», «ноҳияи беҳтарин» ва «вилояти беҳтарин» баргузор мегардад.
Дар ҳамоиш муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода иброз дошт, ки фестивал тибқи Амри Президенти мамлакат ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, ҳадаф аз он вусъат додани корҳои ободонӣ, бунёдкориву созандагӣ, бедор намудани завқи зебоипарастӣ дар зеҳни ҳар сокини мамлакат ва маърифати экологӣ, ободу зебо намудани ҳар хона, кӯча, маҳалла, деҳа, деҳот, шаҳрак, ноҳия, шаҳр, вилоят ва ҷумҳурӣ мебошад.
Ҳамзамон, дар ҳамоиш масъулонони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат ва гулдухтарони шаҳр намоиши либосҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумии шаҳро ба ҳакамон муаррифӣ карданд.
Боиси ифтихор ва хурсандии сокинони шаҳри Ваҳдат аст, ки дар ин озмун мувофиқи хулосаи ҳакамон дар номинатсияи «деҳаи беҳтарин» деҳаи Баҳористони Ҷамоати деҳоти Абдулло Абдулвосиеви шаҳри Ваҳдат сазовори ҷойи сеюм, бо дипломи дараҷаи 3 ва дар номинатсияи «деҳоти беҳтарин» Ҷамоати деҳоти Абдулло Абдулвосиеви шаҳри Ваҳдат ҷойи дуюм бо дипломи дараҷаи 2 қадрдонӣ шуданд.
Бояд гуфт, ки рамзи Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола», ки соли 2019 аз ҷониби Иттифоқи рассомони Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, тасдиқ гардид.
Ёдовар мешавем, ки Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» шуруъ аз соли 2019 дар ҷумҳурӣ баргузор мешавад.
Гули лола бо номи «арӯси сол» ва «маликаи табиат» машҳур буда, дорои аз 100 то 150 навъ аст.
Гули лола аз тухмдонаи нави ҳарсолааш рӯида, дар моҳҳои апрел-май дар саросари мамлакатҳои дунё ба чашм мерасад. Умри гули лола ҳамагӣ қариб 100 рӯзро ташкил медиҳад. Гули лола ба унвони машҳуртарин гули худрӯ дар фарҳангу адабиёти тоҷик нуфуз ёфтааст. Бисёр мутафаккирону шоирон бо гули лола шиносоӣ дошта, онро дар ашъори хеш таъбиру тасвири зебо кардаанд, ба мисли лолаи доғдор, лолапӯш, лоларух, лолазор, лолагун, лоласор, лоласон ва ғайра.
Ҷашни «Сайри гули лола» солҳои охир дубора эҳё гардид ва инак чанд сол аст, ки бо шукуҳу шаҳомати хосса дар саросари мамлакат таҷлил мегардад. Баргузории озмун ба эҳёи суннатҳои ниёгон, тарғиби ҳисси зебоипарастӣ, ободии муҳити зист, рушди гулпарварӣ, афзун намудани муҳаббат ба табиат, ҷалби сайёҳон ва рушди соҳаи сайёҳӣ дар мамлакати мо мусоидат менамояд.
Ҳамчунин дигар наворҳо:


