Идомаи мулоқот бо усули «мактаб ба мактаб» бо хонандагони мтму №130

26 апр 2025, 12:54
Слайдер / Навид / Навигариҳо / Меъморӣ
2

  Тибқи нақша чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат дар ҳамбастагӣ бо сохторҳои дахлдор имрӯзҳо дар муассисаҳои таълимии шаҳр бо усули «мактаб ба мактаб» бо хонандагону омӯзгорон суҳбатҳо доир гардида истодааст.

Имрӯз чунин вохӯриҳо дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №130-и Ҷамоати деҳоти Бозорбой Бурунов бо иштироки муовини раиси шаҳр Шоира Абдураҳимзода, намояндагон аз раёсати маориф, бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, бахши занони шаҳр ва намояндагони дигар шуъбаю бахшҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр иштирок намуда, оид ба дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат, ки зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ҷиҳати донишомӯзии ҷавонон, омӯхтани забонҳои хориҷӣ, таваҷҷуҳи зиёд додан ба фанҳои дақиқ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани насли ҷавон, ободии ҷумҳурӣ, ҳифзи амният ва оромии ҷомеа баён намуданд, сухан гуфта шуд.
    Зимни мулоқот муҳтавои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», «Дар бораи маориф» ва «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» фаҳмонида шуданд.
Инчунин, масъалаҳои пешгирии омилҳои номатлуб байни наврасону ҷавонон, ҷинояткорӣ, пешгирии онҳо аз ҳамроҳшавӣ ба гурӯҳҳои экстремистию террористӣ, ҷалби падару модарон ба таълиму тарбияи фарзанд, ҳатмӣ будани таҳсил дар зинаи сеюми таҳсил ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз муҳокима гардиданд.
Ҳамзамон, дар
мулоқот масоили пешгирии ҷавонон аз шомил шудан ба гурӯҳҳои ифротӣ, тарбияи ҷавонон дар руҳияи садоқат ба Ватан, хизмат намудан дар сафи Кувваҳои Мусаллаҳ, тарбияи кадрҳои баландихтисос ва иззату эҳтироми омӯзгорон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

 

 

Котиби матбуотии раиси шаҳри Ваҳдат

 

 

Ҳамчунин дигар наворҳо: