«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!» Суратгузориш аз рафти тарғиби либоси миллӣ дар шаҳри Ваҳдат
Бо мақсади арҷгузорӣ ба анъанаҳои миллӣ, баланд бардоштани ҳисси хештаншиносӣ, такмили эҳсоси ватандӯстиву худшиносии миллӣ, тарбияи ҳисси зебоипарастии занону духтарон, тарғиби либосҳои миллии мардумӣ, пешгирии тамоюлҳои бегонапарастӣ, 22- уми апрели соли ҷорӣ бо иштироки гулдухтарон шаҳри Ваҳдат баҳри муаррифии либоси атлас, адрас, чакан ва дигар либосҳои миллӣ намоиши доир гардид. Гулдухтарон бо либосҳои миллӣ дар маркази шаҳр ва кӯчаву хиёбонҳои шаҳраку деҳоти он ба сайру гашт баромада, ба шаҳрвандон ва меҳмонони шаҳр либосҳои миллии тоҷиконаро муаррифӣ мекунанд.
Маврид ба зикр аст, ки либоси миллӣ як рукни фарҳанги миллат ба шумор рафта, ёдгоре аз гузаштагон аст, тоҷикон либоси худро дар ҳар давру замон маҳфуз дошта, ба эҳтирому эътибори халқҳои ҷаҳон сазовор гаштаанд. Воқеан, имрӯзҳо баъзе занону духтарон на танҳо аз ҷаҳлу нодонӣ балки бо ҳадафу ниятҳои ғаразнок фарҳанги бегонаро тарғиб мекунанд. Тақлидкорӣ ба либосҳои ба фарҳангу маданияти мо бегона кори хуб нест, зеро бонувон асолати миллии худро аз даст медиҳанд. Бояд гуфт, ки чунин иқдом ҳамасола дар фасли Баҳор ва дигар иду ҷашнҳои миллӣ, аз ҷониби бахши занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳ пеш гирифта шуда, ҳадаф аз он муаррифии либоси миллӣ мебошад.
Ҳамчунин дигар наворҳо:


