САФАРИ КОРӢ БА ДЕҲОТҲОИ ШАҲР

23 апр 2025, 07:40
Слайдер / Навид / Навигариҳо
152

  Раиси шаҳри Ваҳдат Мирзо Исмоилзода бо ҷалби мутахассисони соҳаи кишоварзӣ, дирӯз ба ҷамоатҳои деҳоти Гулистон, Карим Исмолов, Бозорбой Бурунов ва Абдулло Абдулвосиев ташриф оварда, бо рафти шудгор ва омода намудани заминҳо барои кишти чигит, ҷараёни кишти он,  рафти кишти картошка ва дигар зироктҳои кишоварзӣ шинос гардиданд.

Дар интиҳои сафар, раиси шаҳр ва ҳайати ҳамроҳон аз ҳолати парвариши чорво дар ҳудуди кооперативи тиҷоратии ба номи А. Кенчаев, ки самташ зотпарвари аст, дидан карда бо парвариши чорво шинос шуданд.

 

 Ҳамзамон, раиси шаҳр бо муовини аввал, масъулони соҳаи кишоварзии шаҳр, раисони ҷамоатҳои мазкур, оид ба ҷобаҷогузории кишти зироатҳо, бахусус пахта, супоришҳо доданд.

Раиси шаҳр бо ёдоварӣ аз супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарони хоҷагиро таъкид намуданд, ки нақшаи тасиқнамудаи раёсати кишоварзӣ оид ба дурнамо ва ҷобаҷогузории кишти зироатҳо ба хоҷагиҳо дастрас гардидааст ва таъмини он ҳатмӣ буда, таҳти назорати шахсии раиси шаҳр қарор дорад.

Ҳамзамон, дар идомаи сафар Мирзо Исмоилзода, аз нақшаи навсозии роҳи худуди Ҷамоати деҳоти Б. Бурунов шинос шуданд.

   Дар ҷараёни сафари корӣ раиси шаҳр, ҳамчунин, ба масъулон чиҳати сари вақт обмонии зироатҳо, таъмин намудани киштзорҳо бо оби полизӣ  ва ҷудо намудаи қитъаи замин барои партовгоҳо дар Ҷамоати деҳоти Гулистон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, сафари кории раиси шаҳр рӯзҳои баъдӣ дар дигар минтақаҳои кишоварзӣ ва пахтакории ҷамоатҳо идома меёбад. 

 Гуфта шуд, ки умед аст,  деҳқонони шаҳр  дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ қарор дода, бо дарки масъулияти баланд имсол ҷиҳати саҳми назаррас гузоштан дар масири таъмини аҳолии кишвар бо маҳсулоти кишоварзӣ саъю талош мекунанд.

 

  

Ҳамчунин дигар наворҳо: