Дар шаҳр Мусобиқаи интихобии шаҳру ноҳияҳои тобеъ оид ба тенниси рӯи миз доир гардид

22 апр 2025, 07:36
Слайдер / Навид / Навигариҳо / Ҷавонон ва варзиш
38

   Чанде пеш Дар толори варзишии Муассисаи давлатии «Мактаби варзишӣ»-и шаҳри Ваҳдат ҷамбасти мусобиқаи  интихобии ШНТҶ аз рӯи намуди тенниси рӯи миз миёни  наврасони солҳои таваллуди 2009-2013 (писарон -духтарон)  доир гардид.

Дар мусобиқаи мазкур варзишгарон аз  шаҳру ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ иштирок намуда, ғолибон ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат пайдо карданд.

Зимни ҷамбасти мусобиқа раиси шаҳри Ваҳдат Мирзо Исмоилзода ва дигар намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр иштирок ва суханронӣ карданд. Гуфта шуд, ки мусобиқа бо мақсади дарёфти истеъдодҳои намоён аз байни наврасон дар шаҳру ноҳияҳо гузаронида шуд.

Ёдовар мешавем, ки марҳилаи аввали мусобиқаи тенниси рӯи миз дар сатҳи маҳаллӣ ва ноҳиявӣ доир гардида, ғолибони даври дуюм ба марҳилаи минтақавӣ роҳхат пайдо намуданд.

Мусобиқаи варзишӣ ба рушди камолоти наврасон, тарғиби тарзи ҳаёти солим, таҳким бахшидани дӯстию рафоқат байни наврасон  равона гардидааст.

 

Ҳамчунин дигар наворҳо: