МУАРРИФИИ САРДОРИ ТОЗАИНТИХОБИ РАЁСАТИ МАОРИФИ ШАҲР
Тибқи пешниҳоди раиси шаҳри Ваҳдат ва фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон,Нарзуллозода Зиёратшо сардори раёсати маорифи шаҳр таъин шуд.
Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, зимни муаррифӣ сардори тозаинтихоби раёсати маориф, Каримзода Равшан муовини вазири маориф ва илм суханронӣ намуда, Нарзуллозода Зиёратшоро ба хизмати поквиҷдонона ва азму иродаи қавӣ дар иҷрои вазифаҳои давлатӣ ҳидоят намуданд.
Каримзода Равшан, роҳбари тозаинтихобро барои сазовор шудан ба боварии вазири маориф ва илм, раиси шаҳр бобати таъйин гардиданашон ба вазифаи пурмаъсули соҳаи афзалиятноки кишвар – соҳаи маориф табрику шодбош намуда, баҳри иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барору комёбӣ таманно кард. Ӯ зикр намуд, ки итминон аст, роҳбар навтаъйин тамоми неру ва қуввваи худро баҳри рушди маорифи шаҳр равона хоҳад кард.
Ҳамчунин, аз Нарзуллозода Зиёратшо ҷиҳати дар оянда рушд додани маорифи шаҳр, таъмини кадрҳои балндихтисос барои соҳа, беҳбуд бахшидани иштироки хонандагон дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ масъулияти дучанд талаб намуда, бобати рушди минбаъдаи соҳа таклифҳои судманд ба миён гузошт.
Ҳамзамон, Мирзозода Баҳриддинба сардори нави раёсати маориф барои беҳтар гардонидани сифатнокии корҳо, баҳри ноил гаштан ба натиҷаҳои назаррас, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар муассисаҳо, тақвият бахшидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва пешгирии гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, роҳ надодан ба амалҳои коррупсионӣ, муомилаи хуб намудан бо кормандон, назорат ва тақвияти корҳои ободониву созандагӣ дар соҳаи маориф дастуру супоришҳо доданд.
Муовини раис изҳори итминон намуданд, ки Зиёратшо Нарзуллозода, баҳри муҳайё кардани шароити арзанда ба омӯзгорону хонандагон тамоми нерую дониш ва малакаи худро равона сохта, ба халқу давлат содиқона хизмат хоҳад кард.
Ҳамчунин дигар наворҳо:


