Таҷлили Наврӯз дар деҳаи Зарнисор
Сокинонидеҳаи Зарнисори Ҷамоати деҳоти Раҷаб Исмоилов чун дигар сокинони деҳаҳои шаҳр, Ҷашни наврӯзро бо рияои тамоми расму суннати ниёгон ҷашн гирифтанд.
Сокинони деҳаи мазкур чун анана дар рӯи замин палос густурда, варзишгоҳи Муассисаи маҳсилоти миёнаи умумии № 115–ро ба базмгоҳи наврӯзӣ табдил доданд. Кӯдакону наврасон санҷаку улчак ва лашбозӣ, тухмҷанг, гӯштингирӣ, кабку хурӯсҷангро, ки хоси Ҷашни Наврӯз мебошанд, бо тамоми назокаташ пешкаши мардуми деҳа гардониданд.
Ҳамчунин, гурӯҳи дигар назди дастархони пурнозу неъмати наврӯзӣ нишаста, таъомҳои миллӣ, аз қабили қурутобу оши бурида, далдаю оши палав тановул мекарду гурӯҳе занон ҳунарҳои миллии маҳсули дастони худро ба маърази тамошо гузошта буданд. Зани ҳунарманде дуғ мекашиду дигаре завола тунук карда, оши бурида мебурид. Духтарон давра нишаста, мӯяшонро майдабофӣ мекарданду ба дастон ҳиною ба чашму абрувон усмаю сурма мекашиданд. Ҷавонон ба гурӯҳҳо ҷудо-ҷудо дастхобониву бандкашӣ ва гӯштингирӣ мекарданд.
Гирдогирди базмгоҳи наврӯзӣ таомҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва дастоварди сокинони деҳа ба намоиш гузошта шуда буд.
Инчунин, гурӯҳи духтарон дар ҳавои тарона бо ҳазор ишваю таманно рақсҳои дилрабо мекарданд. Дар канори майдони наврӯзӣ бошад, бӯи дуди дегҳои далдаю суманак, оши буридаю қаламаю таҳмол, оши палаву умоч иштиҳоро меовард. Раиси Ҷамоат Умед Муродов ҳамроҳи дигар фаъолони ҷамоату деҳа меҳмононро бо нону намак пешвоз гирифта, намоишгоҳҳоро тамошо доданд.
Муовини раиси шаҳр Шоира Абдураҳимзода, ҳозиринро бо иди Наврӯзи оламафрӯз муборакбод гуфта, ба онҳо таманниёти нек намуданд. Сипас, ба тамошобинон барномаи наврӯзии театрикунонидашудаи аҳли деҳаро, ки бо қадам ранҷа намудани Арӯси солу Бобои деҳқон шуруъ гардид, бо рақсу тарона ва саҳначаю гулбазм пешкаш шуд, ки хотири аҳли нишаст болида гардид. Рақсу бозию хурсандӣ ва мусобиқаҳои варзишии ҷавонон то дергоҳ дар ин макони афсонавӣ танин андохт.
Ҳамчунин дигар наворҳо:


