ТАНТАНАҲОИ НАВРӮЗИИ ДЕҲА БА ДЕҲА ДАР ДЕҲОТИ СИМИГАНЧ
Имрӯзҳо дар тамоми деҳаҳои Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳр тантанаҳои наврӯзӣ доир гардида истоданд.Чанде пеш сокинони деҳаҳои Ҷамоати деҳоти Симиганч, Ҷашни Наврӯзро бо рияои тамоми расму суннати ниёгон ҷашн гирифтанд.
Дар барномаҳои идонаи мардуми деҳаҳо муовини раиси шаҳр Шоира Абдураҳимзода иштирок намуда, аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат сокинон ва меҳмононро ба муносибати ин иди ҷаҳонӣ табрик гуфтанд.
Шоира Абдураҳимзода таъкид намуд, ки маҳз бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯзи оламафрӯз бо тамоми суннатҳояш комилан эҳё гардида, ҳамчун ҷашни ҷаҳонӣ эътироф шуд.
Тибқи анъанаи мардуми ин минтақа дар ин рӯз гӯштини наврӯзӣ баргузор гардид, ки дар он паҳлавонҳо аз деҳаҳо иштирок доштанд. Пухтани хӯрокҳои миллии наврӯзӣ, ба монанди суманак, кашк, нони бо ҳалво ва оши палав дар тарафи дигари майдон зеббахши ин ҷашни фархунда буд. Бояд зикр кард, ки Ҷашни Наврӯз дар бедории паҳлавонон ва аз нав эҳё намудани анъанањои ниёкон ҷойгоҳи махсус дорад. Аз замонҳои қадим Наврӯзро мардуми тоҷик деҳа ба деҳа дар алоҳидагӣ ҷашн мегирифтанд ва паҳлавонон ба майдон баромада, ҳар яке деҳи худро муаррифӣ мекард. Яъне гўштии тоҷикӣ дар инкишофи шуҷоату ғайрат ва худогоҳии миллӣ нақши бориз дошт. Аслан, паҳлавонон дар болои сабзаи навруста бо пойҳои луч баромада, зӯрозмоӣ менамуданд. Маъмулан бо нидои довар ба сони «ҳалол», ки ин садоро аксари тамошогарон низ аз ҷой ҷаҳида такрор мекунанд, яке ғолиб ва дигаре мағлуб мегардад.
Ҳамзамон, барномаи рангини фарҳангӣ бо иштироки санъаткорони шинохтаи шаҳр суруру шодии ҷашнро дучанд намуд.
Бояд гуфт, ки як хусусияти дигари Наврӯзи ин деҳот он аст, ки ҳамаи сокинон субҳи наврӯзиро бо либосҳои миллии идона, оростани дастархон, табрики ҳамдигар ва аёдати беморон истиқбол мегиранд.
Ҳамчунин дигар наворҳо:


