МАҶЛИСИ КИҲХДТ ДОИР ГАРДИД
Маҷлиси ҷамъбасти фаъолияти семоҳаи комиҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат бо садо додани суруди миллӣ шуруъ шуд. Дар маҷлис Шоира Абдураҳимзода муовини раис шаҳр, аъзои раёсат ва комиҷроияи ҳизб, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр иштирок доштанд. Пас аз тасдиқи рӯзномаи кории ҷамъомад раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат Ислом Ҳайдарзода аз фаъолияти семоҳаи комиҷроияи ҳизб дар соли 2025 ҳисобот дода, барои минбаъда вазифаҳоро тарҳрезӣ намуд. Корманди масъули ташкилоти ибтидоии “Баҳор”-и МТМУ-и №7 Фирӯза Файзова ва узви ташкилоти ибтидоии “Маорифчӣ” аз муассисаи таълимии рақами 84 Зумрад Алиева ба музокира баромада, аз фаъолияти ташкилоташон гузориш дода, ҳисоботи раиси комиҷроияро қаноатбахш арзёбӣ карданд.
Аз рӯи масъалаи дуюми рӯзнома муовини раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат, муовини раиси ситоди пешазинтихоботии комиҷроияи ҳизб Маъруфҷон Табаров дар бораи ситод дар давраи омодагӣ ба интихобот ва рафти баргузории интихоботи вакил ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии мамлакат ва Маҷлиси вакилони халқи шаҳр гузориш дода, ҳамзамон, роҳбари гурӯҳи вакилиро дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳр пешниҳод карда шуд. Бо овоздиҳии кушод вакид аз ҳавзаи интихоботии Солеҳон, №25, директори МД “Сохтмони асосӣ”-и шаҳр Хусрав Абдуллоев роҳбари гурӯҳи вакилӣ интихоб гардид.
Дар маҷлис, ҳамчунин, як қатор масъалаҳои тарғибу ташвиқи ҳизбӣ, роҳандозҳӣ гардидани иқдомҳои ҳизбӣ барои бунёдкорию созандагиҳо ва ғайраро низ баррасӣ ва қарорҳои дахлдор қабул намуд.
Ҳамчунин дигар наворҳо:


