ҚАДРДОНИИ МУҲАММАД ШАРИФЗОДА АЗ ТАРАФИ РАИСИ ШАҲР
Бояд гуфт, ки варзишгари навраси шаҳри Ваҳдат Муҳаммад Шарифзода, дар корномаи варзишии худ, то ин вақт 3 маротиба Чемпиони ҷаҳон, Чемпиони Авруосиё, ғолиби Ҷоми ҷаҳон, 5 маротиба Чемпиони Федератсияи Русия аз намуди «Jiu Jutsu», 2 маротиба Чемпиони мусобиқаҳои байналмилалӣ аз намуди ҷудо 12 маротиба ғолиби мусобиқаҳои Федератсияи Русия аз намуди гӯштинги ҷудо гардидааст. Маврид ба гуфтан аст, ки чанде қабл ин навраи умедбахши кишвар дар се соат бе истироҳат дар назди коршиносони байналмилалӣ зиёда аз 6 ҳазор маротиба бо қувваи пойҳо шиштухез (приседания) карда ба «Китоби рекордҳои Гиннесс» шомил шуд. То имрӯз Муҳаммад ягон маротиба аз ҳарифонаш мағлуб намудааст, паҳлавони шикаснопазир дар корномаи худ, дар ҳама намуди варзиш 80:0 мебошад.
Имрӯз раиси шаҳри Ваҳдат Мирзо Исмоилзода ин варзишгари наврасро бо туҳфаҳо қадрдонӣ намуда, иброз доштанд, ки «дар чунин синни хурдӣ ба даст овардани унвони қаҳрамонӣ дар бозиҳои байналмилалӣ кори саҳл нест. Барои ин заҳмати зиёд, тамрини ҳамешагӣ ва аз бар намудани усулҳои гуногуни варзишӣ зарур аст».
Зикр намуд, ки чанде пеш варзишгари навраси тоҷик Муҳаммад Шарифзода дар Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо «Jiu Jutsu», ки дар шаҳрҳои Краснодар, Москва, Санкт- Петербурги Федератсияи Русия, Остонаи Қазоқистон ва дар шаҳри Абузабии Амороти Муттаҳидаи Араб доир шуданд, дар вазни то 24 кг баромад намуд. Ӯ бо мағлуб намудани рақибон аз 18 давлати дунё сазовори ҷойи аввал ва медали тилло гардид.
Ёдовар мешавем, ки дар Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо «Jiu Jutsu», ки дар шаҳрҳои Краснодар, Москва, Санкт-Петербурги Федератсияи Русия, Остонаи Қазоқистон ва дар шаҳри Абузабии Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор шуданд, 800 варзишгари наврас аз давлатҳои Осиёву Аврупо иштирок ва байни ҳам рақобат намуданд. Дар он Муҳаммад Шарифзода дар вазни 24 кг бо мағлуб намудани ҳарифон дастболо шуд ва соҳиби мақоми аввал гардид.
Муҳаммад Шарифзодаи хурдсол дар баробари ба варзиш башғул буданд, ҳамзамон, дорандаи хуби забонҳои хориҷӣ мебошад, аз ҷумла русӣ ва англисӣ. Инчунин, ғолиби чандин мусобиқаҳои ҷаҳонӣ аз фанни математика гардидааст.
Ҳамчунин дигар наворҳо:


