Ҷаласаи фаъолони шаҳр доир ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар 3 моҳи соли 2025

14 апр 2025, 11:09
Слайдер / Навид / Навигариҳо / Саноат / Иқтисодиёт
116

 Санаи 14-уми апрели соли 2025 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳри Ваҳдат маҷлиси фаъолони шаҳр доир ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр дар семоҳаи соли равон баргузор гардид.

Дар он роҳбари гурӯҳи кории омодагӣ ба Ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат, раиси ҶСК "Барқи тоҷик" Махмадумар Асозода иштирок намуданд.

Раиси шаҳр Мирзо Исмоилзода, ҷаласаро ҳусни оғоз бахшида, итилоъ дод, ки дар он роҳбари гурӯҳи корӣ, муовини аввали раиси шаҳр, муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сардорони идораву ташкилотҳои шаҳрӣ, раисони кумитаҳои маҳаллаҳо, мудирони шуъбаву бахшҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони корхонаҳои саноатӣ ҳузур доранд.

  Ҳамчунин, муовини аввали раиси шаҳр Давлат Холиқзода, доир ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр дар 3 моҳи соли 2025 гузориш дод.​

Бо таҳлили вазъи соҳаҳо раиси шаҳр барои ҷалби аҳолӣ ба корҳои ободониву созандагӣ, тарбияи наврасону ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, ба таҳсили пурра фаро гирифтани кӯдакону наврасон, пешгирии зуҳуроти номатлуб, аз ҷумла бегонапарастӣ, тарғиби фарҳангу либоси миллӣ, бунёди майдончаҳои варзишӣ ва ҷалби наврасону ҷавонон ба тарбияи ҷисмонӣ, ташкили озмунҳои китобхонӣ, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо китобҳои дарсӣ, иҷрои нақшаи даъвати ҳарбӣ, истифодаи самараноки замин, риояи структураи кишти зироатҳо, фаъолсозии пойгоҳҳои обкашӣ, иҷрои нақшаи кишти пахтаву картошка, таъмини рушди соҳаи саноат, бунёди корхонаҳои нав ва ташкили ҷойҳои нави корӣ, истифодаи иқтидорҳои истеҳсолӣ, иҷрои нақшаи андозҳо, беҳтар намудани фаъолияти муассисаҳои соҳаҳои маорифу тандурустӣ, пешгирии вайроншавии оилаҳо ба муовинони раиси шаҳр ва роҳбарону фаъолон супоришҳои мушаххас доданд.    

  Ҳамзамон, дар маҷлис як қатор мудирони шуъбаву бахшҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо ифтихорномаҳои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд.

Мирзо Исмоилзода, дар охир изҳори боварӣ намуд, ки сокинони шарафманди шаҳри Ваҳдат бо меҳнати содиқонаи худ ҷашни таърихии 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои арзанда истиқбол мегиранд.

 

Ҳамчунин дигар наворҳо: