Баррасии рафти таъмини иҷрои нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ

08 апр 2025, 08:50
Навид / Навигариҳо / Слайдер
141

 Чанде пеш дар бинои комиссариати ҳарбии шаҳр  ҷаласаи васеъи комиссияи даъвати ҷавонон ба хидматӣ ҳарбӣ доир гардид, ки дар он муовини раиси ш аҳр, раиси  комиссияи даъвати ҷавонон  Мирзозода Баҳриддин Файзулло, муонинони раиси шаҳр, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони як қатор муассисаҳои шаҳр,  комиссариати ҳарбии шаҳр, раисони маҳаллаҳои шаҳр ва дигар ниҳодҳои марбута иштирок доштанд.

Зимни шунидани гузориши масъулин оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ таваҷҷуҳи аъзоёни комиссияи даъват ва ҳозирин ба тавсеаи корҳои тарғиботӣ бо ҷавонони синни даъватӣ ва волидони онҳо, саҳмгузории фаъолон ба ин маъракаи муҳими давлатӣ, баҳисобгирии саҳеҳи захираҳои даъватӣ ва дигар тадбирҳои ташкилӣ дар ин самт ҷалб карда, вазифаҳои ҳамаи ниҳодҳо вобаста ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ ва давлатӣ ҷиҳати иҷрои талаботи Фармони Президенти мамлакат муайяну мушаххас карда шуд. 

 Ҳамзамон, раиси ситод зикр намуд, ки   ҷиҳати таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 феврали соли 2025
 
“Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1998-2007 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ”   дар шаҳр маъракаи даъвати ҷавонон идома дорад.

Ҳамзамон барои вусъат бахшидани фаъолият дар самти таъмини иҷрои нақшаи даъвати баҳорӣ, ҷоннок намудани фаъолияти​ комиссияи даъват, дар ҳамкорӣ бо фаъолон, вакилони маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, вакилони ҷамоатҳо ва раисони маҳаллаҳо ва дар маҷмӯъ сари вақт иҷро намудани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон​ «Дар бораи ӯҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» вазифагузорӣ карда шуд.

 

 

 

 

 

 

 

Ҳамчунин дигар наворҳо: