МУҲАММАД ШАРИФЗОДА НАВРАСЕ, КИ ИФТИХОРИ КИШВАР АСТ
Варзиш дунёест, ки дар он мағлубияту пирӯзӣ, нокомиву шодмонӣ ҳамқадаманд. Дар радифи ин ҳақиқати дигаре низ вуҷуд дорад, ки варзиш гарави саломатист. Бояд гуфт, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ гӯштигирони мо ба дастовардҳои шоён муваффақ шуданд, ки боиси ифтихори ҳар тоҷику тоҷикистонист. Муҳаммад Шарифзодаи хурдсол аз зумраи онҳо мебошад.
Мавсуф 3-уми июли соли 2016 дар шаҳри Ваҳдат ба дунё омадааст. Ӯ дастпарвари мактаби варзишии шаҳри Ваҳдат мебошад. Муҳаммади қаҳрамон ба хӯрдсолии худ нигоҳ накарда ба варзиш меҳри беандоза дорад. Вақте меҳри варзиш дар қалби Муҳаммад пайдо мешавад, ҳамон вақт ба толори зодгоҳаш рафта, ба омӯхтани нозукиҳои гӯштии ҷудо шуруъ мекунад.
Суҳроб Шоҳқулов, мураббии нахустинаш, ки устоди сахтгир аст, дар машқҳо ба ӯ ва шогирдони дигар маҳорат меомӯхт ва пайваста малакаву ҳунари гӯштигириашонро такмил медиҳад, ба умеде, ки фардо онҳо номбардори кишвари хеш гарданд. Албатта, рӯзҳои аввал тамрин барояш осон набуд, ба мушкилиҳои зиёд рӯ ба рӯ мегардид. Қатъи назар аз хӯрдсол буданаш, Муҳаммад сидқан машқ мекунад, мекӯшид, ки дар байни ҳамсолони худ намуна бошад. Машқҳои пайваста зӯру тавонашро қавӣ ва маҳораташро баланд намуда, то ба дараҷаи шомили «Китоби рекордҳои Гиннесс» шуд. Акнун муваффақиятҳо пайваста насибаш мегарданд. Ӯ тамоми комёбиҳояшро, пеш аз ҳама, бо дои падару модар ва ба заҳмати устодонаш Суҳроб Шокиров ва Расул Боқиев мансуб медонад.
Муҳаммад Шарифзодаи хурдсол дар кордномаи варзишии шуд, то ин вақт 3 маротиба чемпиони ҷаҳон, чемпиони Авруосиё, ғолиби Ҷоми ҷаҳон, 5 маротиба чемпиони Федератсияи Русия аз намуди «Jiu Jutsu», 2 маротиба чемпиони Мусобиқаҳои байналмилалӣ аз намуди ҷудо 12 маротиба ғолиби Мусобиқаҳои Федератсияи Русия аз намуди гуштинги ҷудо ва дар гирар мусобиқаҳои байналмилалӣ сазовори ҷойи аввал гардидааст. Маврид ба гуфтан аст, ки чанде қабл ин навраи умедбахши кишвар дар се соат бе истироҳат дар назди коршиносони байналмилалӣ зиёда аз 6 ҳазор маротиба бо қувваи пойҳо шиштухез (приседания) карда ба «Китоби рекордҳои Гиннесс» шомил шуд. То имрӯз Муҳаммад ягон маротиба аз ҳарифон мағлуб намудааст, паҳлавони шикаснопазир дар корномаи худ, дар ҳамаи намуди варзиш 80:0 мебошад.
Сокинони шарафманди шаҳри Ваҳдат аз дастовардҳои навраси қаҳрамон хушнуд буда, ҳамеша онро таърифу тавсиф намуда аз ӯ ифтихор мекунанд.
Маврид ба зикр аст, ки чанде пеш варзишгари навраси тоҷик Муҳаммад Шарифзода дар мусобиқаҳои Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо «Jiu Jutsu», ки дар шаҳрҳои Краснодар, Москва, Санкт- Петербурги Федератсияи Русия, Остонаи Қазоқистон ва дар шаҳри Абузабии Амороти Муттаҳидаи Араб доир шуданд, дар вазни то 24 кг баромад намуд. Ӯ бо мағлуб намудани рақибон аз 18 давлати дунё сазовори ҷойи аввал ва медали тилло гардид.
Ёдовар мешавем, ки дар мусобиқаҳои Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо «Jiu Jutsu», ки дар шаҳрҳои Краснодар, Москва, Санкт-Петербурги Федератсияи Русия, Остонаи Қазоқистон ва дар шаҳри Абузабии Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор шуданд, 800 варзишгари наврас аз давлатҳои Осиёву Аврупо иштирок ва байни ҳам рақобат намуданд. Даро он Муҳаммад Шарифзода дар вазни 24 кг бо мағлуб намудани ҳарифон дастболо шуд ва соҳиби мақоми аввал шуд.
Бояд гуфт, ки соли гузашта варзишгари навраси тоҷик Муҳаммад Шарифзодаро раиси шаҳри Ваҳдат Мирзо Исмоилзода бо туҳфаҳо қадрдонӣ намуда, иброз дошта буданд, ки «дар чунин синни хурдӣ ба даст овардани унвони қаҳрамонӣ дар бозиҳои байналмилалӣ кори саҳл нест. Барои ин заҳмати зиёд, тамрини ҳамешагӣ ва аз бар намудани усулҳои гуногуни варзишӣ зарур аст».
Далерҷон Шаривов падри Муҳаммад зимни суҳбат гуфт, ки дар баробари ҳамаи комёбиҳояш ӯ хоксору меҳрубон аст. Ҳамеша мекӯшад бо одамон ҳалиму меҳрубон бошад ва доимо мехоҳад ба варзиш ва сайқал додани донишаш машғул бошад. Аз ин лиҳоз, мардуми шаҳр ӯро эҳтиром мекунанд. Бо бовар метавонем гӯем, ки Муҳаммад ифтихори кишвари мост.
Айни ҳол Муҳаммад Шарифзода, зери мураббии Расул Боқиев, барандаи медали биринҷии Бозиҳои тобистонаи олимпии Пекин (соли 2008), машқу тамрин мекунад.
Варзишгари номдору умедбахши кишвар дар суҳбат гуфт, ки ҳар варзишгар орзу дорад, ки дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ парчами кишвараш парафшон гардад. Вақте ки дар ин мусобиқаҳо Парчами Тоҷикистони азизам, дар байни дигар кишварҳо дар сатри аввал аст, маро ҳисси ифтихор фаро мегирад, ки онро танҳо ҳар варзишгар метавонад фаҳмад.
Муҳаммад Шарифзодаи хурдсол дар баробари ба варзиш башғул буданд, ҳамзамон, дорандаи хуби забонҳои хориҷи мебошад, аз ҷумла русӣ ва англисӣ. Инчунин, ғолиби чандин мусобиқаҳои ҷаҳонӣ аз фани математика гардидааст. Айни ҳол дар яке аз муассисаҳои шаҳри Ваҳдат дар сифи якум таҳсил мекунад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат
Ҳамчунин дигар наворҳо:


