Вохӯрӣ оид ба пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ
Барои вусъат додани корҳои таблиғотию ташвиқотӣ бобати пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, пешгирии қонунвайронкуниҳо байни ҷавонон, хурофотпарастӣ, мубориза бар зидди гардиши маводи мухаддир ва дигар масъалаҳои муҳим аъзои гурӯҳи кории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат, санаи 12-уми марти соли ҷорӣ дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №95, бо сокинони Ҷамоати деҳоти Абдулло Абдулвосиеви шаҳр вохӯрӣ намуданд.
Дар вохӯрӣ сардори шуъбаи КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр Асроров Фирдавсӣ, муовини раиси шаҳр Мирзозода Баҳриддин, сардори шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр АбдураҳимзодаШодмон ва дигар масъулон иштирок ва суханронӣ карданд.
Зимни вохӯрӣ вобаста ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, истифодаи дурусти фарҳанги телефонҳои мобилӣ, пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, роҳ надодан ба таълимоти ғайрирасмии динӣ, тақвият бахшидани ҳисси худшиносию худогоҳӣ ва ватандӯстӣ, риояи намудани танзими анъана ва ҷашну маросим сухан гуфта шуд.
Иброз гардид, ки интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ яке аз воситаҳои асосие мебошанд, ки гурӯҳу ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ бо истифода аз онҳо ва паҳн кардани ҳар гуна сабтҳои видеоӣ ва наворҳои таблиғотӣ шахсони алоҳида, хусусан наврасону ҷавононро, ки ҳолати равониашон ҳанӯз комил нест, ба сафи худ ҷалб менамоянд. Барои ба доми фиреби онҳо наафтодан наврасону ҷавононро зарур аст, ки фарҳанги истифодаи интернет, аз ҷумла шабакаҳои иҷтимоӣ ва манфиату зарари онҳоро донанд, аз интернет самаранок ва мақсаднок истифода бурда, донишҳои техникию технологиашонро мустаҳкам намоянд.
Дар вохӯрӣ таъкид гардид, ки вазифаи аслии мо васеъ намудани доираи ҷаҳонбинии ҷавонон аст, то онҳо ба доми хурофотпарастон, террористону ифротгароён наафтода, ҳамчун ҷавонони ватандӯсти асил ба воя расанд, барои ҳимояи Ватан ҳамеша омода ва ифтихор аз Тоҷикистон дошта бошанд. Ҷавонони мо бояд дар баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум саҳми арзанда гузошта, пеши роҳи қонунвайронкуниҳоро бигиранд.
Ҳамзамон, гуфта шуд, ки баҳри ҳамаҷониба тарғибу ташвиқ кардани муҳтавои суханҳои дарболо зикршуда, дар шаҳр нақша- чорабиниҳои махсус ташкил гардид. Масъулон кӯшиш мекунанд, ки ба хотири возеҳ фаҳмондани масъалаҳои муҳим бештар дар байни ҷавонон кор баранд, ҷинояткорӣ, тақлид ба либосҳои бегонаро пешгирӣ намоянд, фарҳанги дурусти истифодабарии телефонҳои мобилиро шарҳ диҳанд. Масъалаи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи танзим, даст назадан ба исрофкорӣ, пешгирии дигар омилҳои номатлуби иҷтимоӣ, ва дигар масоили мубрами рӯз вазифаи ҳамарӯзаи гурӯҳи корӣ ба ҳисоб мераванд.
Котиби матбуотии раиси шаҳри Ваҳдат
Ҳамчунин дигар наворҳо:


