СИТОДИ ШАҲРӢ ОИД БА ДАЪВАТИ  ҶАВОНПИСАРОН БА САФИ АРТИШИ МИЛЛӢ

12 мар 2025, 12:40
Слайдер / Соҳаҳо / Навид / Навигариҳо
6

Чанде пеш дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, таҳти раёсати  раиси шаҳр муҳтарам Мирзо Исмоилзода,  ҷаласаи ситоди шаҳрӣ оид ба даъвати ҷавонони синни даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Дар он муовини аввал, муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи раис, комиссари ҳарбии шаҳр, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва дигар масъулон иштирок карданд. Ҳамзамон, дар рафти ситод, раиси шаҳр  ба раиси  комиссияи даъвати ҷавонон  Мирзозода Баҳриддин Файзулло супоришҳои  мушаххас дода шуд.
Дар кори ситод аъзоëни ситод ширкат варзида, аз натиҷаи таъмини ҷавонон ба хизмати Ватан-Модар ва омодагӣ ба он маълумот доданд.

Комиссари ҳарбии шаҳр оид ба омодагӣ ба даъвати навбатии баҳории соли 2025 шаҳрвандони солҳои таваллуди 1998 - 2007 ба хизмати ҳарбӣ  баромад намуда зикр кард, ки ҳайати кормандони комиссариати ҳарбии шаҳр омодагиҳоро ба даъвати баҳорӣ, аллакай,  оғоз намуда ба даъватшавандагон даъватномаи омӯзишӣ додаанд.
 Ҳамчунин, Мирзо Исмоилзода ба  масъулини сохторҳои марбута дар муҳлатҳои муайяншуда ҷамъбаст намудани нақшаи даъвати баҳорӣ дастуру супоришҳои мушаххас додаанд.

Котиби матбуотии раиси шаҳри Ваҳдат

 

Ҳамчунин дигар наворҳо: