АЁДАТИ МОДАРОНИ ПИРОНСОЛ 

08 мар 2025, 20:51
Соҳаҳо / Навид / Навигариҳо
11

САД ҶОНУ ДИЛ ФИДОИ ЯК МУДДАОИ МОДАР,

ФАТҲУ КУШОИШ ОРАД, ДАСТИ ДУОИ МОДАР.

 

 Дар  Рӯзи Модар муовини раиси шаҳри Ваҳдат Шоира  Абдураҳимзода, ба аёдати модарони куҳансоли  шаҳр рафта, модаронро ба муносибати Иди Модар аз номи роҳбарияти шаҳр Мирзо Исмоилзода ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, шодбош гуфта, ба онҳо туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Муовини раиси шаҳр, зимни дидорбинӣ таъкид карданд, ки модар қиматтарин неъмати рӯи дунё, сарчашмаи муҳаббати беканор, чашмаи мусаффо ва махзани ганҷи фарзанд, ҳимматбаландтарин шахси башарият аст. Ҳамчунин, дар хусуси таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба занону модарон ва баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа изҳори назар карданд.

Гуфта шуд, ки бо тантанаву шукӯҳи хосса ҷашн гирифтани Рӯзи Модар нишонаи эътибору эҳтироми зиёди давлат ва Ҳукумати кишвар, хосса Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба модарону бонувон мебошад. Зеро нақши онҳо дар ободии хонадон, тарбия кардану ба воя расонидани фарзандон, ба онҳо омӯзонидани забони модарӣ, одобу маънавиёт, парвариши эҳсоси баланди худшиносиву худогоҳӣ, ҳисси миллӣ ва ифтихори ватандорӣ беназир аст.

 Модарони рӯзгордида ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ғамхорӣ ба занону модарон арзи миннатдорӣ намуданд. Маврид ба гуфтан аст, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат, дар асоси дастуру супоришҳои Роҳбари давлат дастгирии занонро дар мадди аввал гузошта, баҳри кумаку ғамхории онҳо ҳамеша ёри мерасонад.

 

Ҳамчунин дигар наворҳо: