ТАНТАНАИ РӮЗИ МОДАР ДАР ШАҲРИ ВАҲДАТ

07 мар 2025, 17:22
Слайдер / Соҳаҳо / Навид / Навигариҳо
15

 

  Имрӯз ба ифтихори Рӯзи Модар дар толори  Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №71 –и  шаҳри Ваҳдат чорабинии идона баргузор гардид. 
Раиси шаҳри Ваҳдат Мирзо Исмоилзода, иброз намуд, ки таҷлили Рӯзи Модар  ба фарорасии фасли баҳор рост омада, таҷассуми меҳру муҳаббати бепоён нисбат ба занону модарон мебошад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба бузургӣ ва азамати Модар чунин гуфтаанд: «Модар ягона мавҷуди мушфиқу ғамхор ва мунису меҳрубонест, ки ба фарзанд ҳаёт мебахшад, ба ӯ сухан гуфтану роҳ рафтанро ёд медиҳад, ӯро тарбия менамояд ва дар раванди тарбия дар қалби фарзанди худ эҳсоси муҳаббату самимият, некиву накӯкорӣ ва инсондӯстӣ ба вуҷуд меоварад, барои босаводу соҳибмаърифат ва соҳиби касбу ҳунар шудани нури чашмонаш саъю талош менамояд».
Дар чорабинӣ гуфта шуд, ки Ҳукумати Ҷуҳурии Тоҷикистон ҳамеша кӯшиш менамояд бо муҳайё сохтани фазои муносиби ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангию фароғатӣ сатҳу сифати зиндагии занонро баланд намуда, онҳоро ҳарчӣ бештар ба фаъолияти сиёсию роҳбарикунанда ҷалб созад.
  Имрӯз занону духтарони шаҳр дар тамоми самтҳои ҳаёти ҷомеа бо фаъолияти худ дар рушди бомароми мамлакат саҳми арзишманд мегузоранд.
«Рӯзи Модар яке аз ҷашнҳои фараҳу шодмонӣ, шоистагию қадршиносӣ ва саршор аз садоқати волои инсонӣ аст, ки ҳамасола мардуми Тоҷикистон ва хосса, ҷавонмардони боиззат онро интизор мешаванд ва ба истиқболи шоистаи он омодагии хос мебинанд. Зеро ин ҷашне аст, ки бо исми бузурги Модар пайванд мебошад ва зиндагию рӯзгори ҳар кадоми мо аз муҳаббату самимият ва шарофату фидокории модарон сарчашма гирифтааст»,-изҳор намуд раиси шаҳр.
  Иди Модар ҷашне аст, ки на танҳо дар мамлакати мо, балки дар ҳар гӯшаву канори олам бо хушнудии том истиқбол мегардад. Бо шарофати ин ҷашн аз муҳаббат, самимият, покию иззат, шарафу номус ва офарандагии Зан-Модар сухан гуфта мешавад. Зеро Модар ҳаммаънои офарандагӣ ва ҳаммаъвои зиндагии башарият мебошад. 
Ҳамзамон, Мирзо Исмоилзода баён дошт: “Бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифтани Рӯзи Модар дар Тоҷикистон нишонаи эътибор, эҳтиром ва қадршиносии давлату Ҳукумат, бахусус Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми ҷумҳурӣ ба модар ва бузургии ӯ мебошад». Дар чорабинӣ гуфта шуд, ки имрӯз дар шаҳр соҳае нест, ки дар он занону духтарон фаъолият надошта бошанд”.
Ҳамчунин, бо иштироки санъаткорони кишвар ва шаҳр барномаи ҳунарӣ барои болидарӯҳии модарон баргузор гардид. 

Котиби матбуотии раиси шаҳр

 

      

Ҳамчунин дигар наворҳо: