ТАЪИНОТИ КАДРӢ ДАР МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ВАҲДАТ

06 мар 2025, 17:15
Слайдер / Навид / Навигариҳо
10

 Дар мувофиқа бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Мирзозода Баҳриддин муовини идеологии раиси шаҳри Ваҳдат таъин шуд. Зимни муаррифӣ раиси шаҳри Ваҳдат Мирзои Исмоилзода муовини тозаинтихобро ба хизмати поквиҷдонона ва азму иродаи қавӣ дар иҷрои вазифаҳои давлатӣ ҳидоят намуданд.

Ҳамзамон, Мирзои Исмоилзода, ба Мирзозода Баҳриддин барои беҳтар гардонидани сифатнокии корҳо баҳри ноил гаштан ба натиҷаҳои назаррас, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар муассисаҳо, тақвият бахшидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва пешгирии гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, роҳ надодан ба амалҳои коррупсионӣ, муомилаи хуб намудан бо кормандон, назорат ва тақвияти корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 35- солагии Истиқлоли давлатӣ дастуру супоришҳо доданд.

 Раиси шаҳр изҳори итминон намуданд, ки Мирзозода Баҳриддин, баҳри муҳайё кардани шароити арзанда ба сокинону меҳмонон ва ба яке аз шаҳрҳои муосиру замонавӣ табдил додани шаҳри Ваҳдат тамоми нерую дониш ва малакаи худро равона сохта, ба халқу давлат содиқона хизмат хоҳад кард.

 

Ҳамчунин дигар наворҳо: