ШАҲРИ ВАҲДАТ Мушоҳидони байналмилалӣ ҷараёни интихоботро тавсиф карданд

03 мар 2025, 07:57
Слайдер / Навид / Навигариҳо
18

  Дуюми март дар шаҳри Ваҳдат дари 85 участкаи интихоботӣ аз соати 6-и субҳ бо садо додани Суруди миллӣ ба рӯи интихобкунандагон боз гардид. Одамони синну солашон гуногун ба минтақаҳои овоздиҳӣ ҳозир гашта, ба номзади арзандаву сазовор раъй доданд. Дар участкаи интихоботии № 1-и шаҳри Ваҳдат низ, ин маъракаи муҳими сиёсӣ, воқеан, фазои идона дошт. Баробари дамидани субҳ дар саҳни укчасткаи мазкур Суруди миллӣ танинандоз гашта, аз дур ба гӯш мерасид ва раъйдиҳандагон яке пайи дигаре омада, ба ҳуҷраҳои овоздиҳӣ ворид мешуданд. Сокини шаҳри Ваҳдат Сабрина Шарифова, ки бори аввал дар чунин маъракаи муҳими сиёсӣ иштирок дорад, эҳсоси гуворое дошт ва бо хушҳолӣ изҳор кард, ки дар кишвари демократие чун Тоҷикистони азиз зиндагӣ дорад ва овози ӯ дар интихобот муҳим шумурда мешавад. Ғайр аз ӯ, чор ҳамсоли дигараш низ дар интихобот иштирок намуда, аз ҷониби масъулини участкаи интихоботии № 10- и шаҳри Ваҳдат бо туҳфаҳо қадрдонӣ шуданд. – Имрӯз дар таърихи ҳаёти ман яке аз рӯзҳои фаромӯшнашаванда сабт хоҳад шуд, ки аввалин интихоби ман барои пешрафту шукуфоии Ватан нақш хоҳад дошт, – гуфт Салмон Қодиров, донишҷӯе, ки аввлин бор дар интихобот ширкат дошт. Майсара Назарбекова, узви комиссияи ҳавзаи якмандатаи интихоботии № 10, шаҳри Ваҳдат, дар суҳбат бо мо изҳор дошт, ки теъдоди раъйдиҳандагон дар ҳавза 168 ҳазору 447 нафар мебошад. То соати 11:00, аллакай, 51 дарсади интихобкунандагон ба участкаҳо ҳозир шуда, раъйи худро додаанд. – Дар қиёс ба давраҳои гузашта фаъолнокии интихобкунандагон мушоҳида мешавад. Мардум ин маъракаи сиёсиро муҳим шумурда, барои беҳбудии ояндаи хеш ба тарафдории номзади арзандаи худ овоз медиҳанд, – афзуд ӯ. Миралӣ Мусофириён, раиси участкаи мазкур, аз он изҳори қаноатмандӣ кард, ки ҳамдиёрон дар чунин маъракаи муҳими сиёсӣ ҳисси баланди ватандорӣ зоҳир мекунанд. Олим Одинаев, сокини 71-солаи шаҳри Ваҳдат, болидаруҳ аз он аст, ки Тоҷикистон сол ба сол ободу зебо ва хуррам гашта, мардум осудаҳолона умр ба сар мебаранд. – Боварӣ дорам, ки то интихоботи дигар Ватанамон боз ҳам рушд кардаву бахту саодати фарзандонамон шукуфон мешавад, барои ҳамин ҳадаф овоз додам, – гуфт ӯ. Шоира Абдураҳимзода, муовини раиси шаҳри Ваҳдат, иброз дошт, ки субҳи барвақт мушоҳидони байналмилалӣ аз рафти интихобот дар участкаҳои интихоботӣ боздид карданд. – Ҳини шиносоӣ бо гурӯҳҳои корӣ мушоҳидони байналмилалӣ ба гӯшаҳои ҳунарҳои мардумӣ, ки дар ҳама участкаҳои интихоботӣ мавҷуд буд, таваҷҷуҳ намуданд ва ба участкаҳои воқеъ дар дараи Ромит буда сафарабар шуда, аз ҳолу ҳаво ва табиати зебои диёрамон – Тоҷикистон лаззат бурданд, – гуфт ӯ. Мушоҳидони байналмилалӣ ба муносибати раисону аъзои комиссияҳои участкаҳои интихоботӣ бо ҷавонони бори аввал дар интихобот иштирокдошта диққати махсус дода, ҳини туҳфасупорӣ бо онҳо акси хотиравӣ гирифтанд. Мушоҳидони байналмилалӣ дар шаҳри Ваҳдат аз се мард ва як зан иборат буданд, ки онҳо ба ҷараёни интихобот дар участкаҳои шаҳри Ваҳдат баҳои баланд доданд.

Бознашр аз рӯзномаи “Ҷумҳурият” jumhuriyat.tj

 

 

Ҳамчунин дигар наворҳо: