ВАҲДАТ БА ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ РӮЗИ МОДАР ОМОДАГӢ МЕБИНАНД
Ҷиҳати дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани Рӯзи Модар, ки ҳамасола дар мамлакат 8 март таҷлил мешавад, имрӯз роҳбари дастгоҳи раис Убайдулло Абдуллозода ҳамроҳи масъулон,муовини раиси шаҳрШоира Абдураҳимзода ва сардори шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳр Маҳбуба Муҳиддинова суҳбат намуданд.
Гуфта шуд, ки нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат, ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи Модар, арҷгузорӣ ба мақому манзалати модарон ва дастгириву қадрдонии занону бонувон таҳя шудааст.
Зикр шуд, ки «модари тоҷик дар тӯли таърихи тӯлонии миллат ҳазорон нафар шахсиятҳои оламшумулу тамаддунсозро ба дунё оварда, дар оғўши пурмеҳри худ парвариш карда, дар замири онҳо беҳтарин хислатҳои инсонӣ – башардўстиву ватанпарварӣ ва ҳунармандиву созандагиро ҷой намудааст ва ин рисолати муқаддаси худро имрӯз низ бо иффату шараф идома мебахшад».
Бояд гуфт, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат дар доираи сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи таъмини ҳуқуқу манфиатҳои занону модаронро ҳамеша дар маркази диққат қарор дода, ҷиҳати беҳтар гардонидани вазъи иҷтимоии занону модарон, ҳифзи ҳуқуқи оила ва модару кӯдак, фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагиву кор барои бонувону модарон ва муҳимтар аз ҳама, ҳарчи бештар ба раванди идораи давлат ҷалб намудани онҳо ва баланд бардоштани нақши иҷтимоии занону бонувон ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.
Ҳамчунин дигар наворҳо:


