МАСЪАЛАҲОИ МУҲИМИ РӮЗ ДАР ҶАЛАСАИ КОРИИ НАЗДИ РАИСИ ШАҲР

26 фев 2025, 10:45
Слайдер / Навид / Навигариҳо / Кишоварзӣ / Соҳаҳо
79

  Дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат, таҳти раёсати раиси шаҳр Мирзо Исмоилзода маҷлиси кории назди раиси шаҳр доир гардид. Дар маҷлис рафти иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, оид омодагиҳо ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва маҷлиси вакилони халқи шаҳр, вусъати кишти баҳорӣ, бахусус бештар кишт намудани пахта ва дигар дастурҳое, ки дар маҷлисҳои қаблии раиси шаҳр дода шуда, буд мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Аз ҷумла, зимни шунидани гузориши масъулон, таваҷҷуҳи раёсати кишоварзӣ, ҷамоатҳои деҳот, хоҷагиҳои деҳқонӣ ба тезонидапни кишти пахта, омода намудани заминҳо барои кишти баҳорӣ, коркарду ғизодиҳии боғу токзор ва ҳарчи бештар шинонидани ниҳолҳои ороишию сояафкан дар шафати роҳҳо, инчунин, пешгирии ҷавонон ба гурӯҳу ташкилотҳои террористию экстремистӣ ва беҳтар намудани шароити таълиму тадрис дар муассисаҳои таълимии шаҳр сухан гуфта шуд.  Таъкид гардид, ки дар кишти баҳорӣ аз рӯзҳои мусоид бояд босамар истифода намуд.

Раиси шаҳр дар ҷаласа, ҳамчунин, ба масъулини соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, Кумитаи идораи замин ҷиҳати зери назорати қатъӣ қарор додани бунёди иншооти таъиноти гуногун тибқи нақшаи генералии шаҳр, мутобиқи қоидаю меъёрҳои сохтмон бунёд намудани биноҳои баландошёна, тезонидани баррасии муроҷиати соҳибкорон барои бунёди иншооти иҷтимоию истеҳсолӣ ва ҳалли дигар масъалаҳои марбут ба бунёди иншооти гуногун дар соли равон дастур дода шуд. Ҳамчунин, ба раёсати маорифи шаҳр супориш дода шуд, ки барои ҷалби хонандагон ба озмунҳои маҳаллию ҷумҳуриявӣ ва даст назадани хонандагон ба ҷинояту ҷинояткорӣ чораҳои ҷиддиро роҳандозӣ намоянд.

Ҳамзамон, Мирзо Исмоилзода, ба масъулон супориш доданд, ки дар ҳамкорӣ бо намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҳамарӯза дар участкаҳои интихоботӣ барои фаҳмондани моҳияти интихобот, иштироки шаҳрвандон ва нақши ин чорабинии муҳими сиёсӣ дар ҳаёти мардум, бо сокинон вохӯрӣ баргузор намуда, оид ба тарзи иштирок ва овоздиҳӣ дар интихобот ба онҳо маълумот диҳанд.

Рафти омодагӣ ба даъвати баҳории ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ низ дар ҷаласа баррасӣ шуда, комиссияи шаҳрии даъват ба хидмати ҳарбӣ, раисони ҷамоатҳои деҳот, маҳаллаҳои шаҳр барои тавсеаи корҳои тарғиботӣ ва ташкилӣ ҷиҳати ба хидмати ҳарбӣ ҷалб намудани ҷавонони синни даъватӣ муваззаф карда шуданд.

 

  Котиби матбуотии раиси шаҳри Ваҳдат

Ҳамчунин дигар наворҳо: