ИСТИҚБОЛИ КОРВОНИ "МОДАРОНИ ВАҲДАТСАРО" ДАР ШАҲРИ ВАҲДАТ
Тавре қаблан хабар дода будем, Корвони «Модарони ваҳдатсаро» ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сафар намудааанд.
Имрӯз дар назди муҷассамаи "Модар" - и маркази шаҳр меҳмононро раиси шаҳр Мирзо Исмоилзода ва дигар намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо нону намак истиқбол намуданд.
Баъдан меҳмонон аз қисми низомии 16772 Вазорати мудофияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шаҳри Ваҳдат боздид намуда ҳамроҳи афсарону сарбозон вобаста ба ваҳдати миллӣ суҳбатҳо намуданд.
Бояд гуфт, ки Корвони «Модарони ваҳдатсаро» бахшида ба 28-солагии Ваҳдати миллӣ бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат роҳандози гардида, бо иштироки занону модарони шинохтаи ҷумҳурӣ, собиқадорон ва фаъолзанон ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат сурат мегирад.
Ёдовар мешавем, ки Корвони «Модарони Ваҳдатсаро», ки ба он 100 занону модарони шинохтаи ҷумҳурӣ, аз ҷумла собиқадорон ва фаъолзанон шомил шудаанд, аз 16 то 19 ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат сафар намуда, бо сокинон оид ба таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, истиқлолият ва саҳм гузоштан дар ободию рушди Ватан суҳбату вохӯриҳо мегузаронанд.
Гуфтан ба маврид аст, ки корвон ба 4 гурӯҳ тақсим шуда, дар қисмҳои низомӣ, дар ҷамоатҳо бо сокинони деҳаҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо усули «деҳа ба деҳа» ва «хона ба хона» оид ба тарғиби дастоварҳои Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва сарҷамъии мардум суҳбату вохӯриҳо доир мекунанд. Ҳамзамон, дар ин сафар, 3- рӯз пешбини шудааст, онҳо мавзеъҳои таърихию–фарҳангӣ ва сайёҳии шаҳри Ваҳдатро тамошо мекунанд.
Бояд тазаккур дод, ки тибқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҳкими пойдории сулҳу ваҳдат, дӯстиву рафоқати сокинони тамоми минтақаҳои мамлакат чорабинии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони Корвони «Модарони ваҳдатсаро» чандин сол аст, ки ташкил гардида, фаъолзанон ва собиқадорони мамлакат дар суҳбату вохӯриҳо сокинон, бахусус занону духтарон ва ҷавононро ба омӯхтани касбу ҳунар, дӯст доштани Ватан ва содиқона хизмат кардан ба онро талқин менамоянд.
Ҳамчунин дигар наворҳо:


