Мақомоти иҷроияи маҳаллии
ҳокимияти давлатии
шаҳри Ваҳдат

Навид

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи мактаби навбунёд дар Ҷамоати деҳоти Гулистони шаҳри Ваҳдат ва мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони шаҳр

Устодону омӯзгорон ва хонандагони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!
Тавре ки медонед, Ҳукумати мамлакат баробари таъмин гардидани рушди иқтисодии кишвар ҷиҳати ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ гардонидани фаъолияти инфрасохтори ҳамаи бахшҳои иҷтимоӣ ва дар навбати аввал соҳаи илму маориф пайваста диққати махсус зоҳир намуда, то имрӯз дар самти бунёду азнавсозии муассисаҳои таълимӣ тамоми чораҳои заруриро амалӣ намуда истодааст. Дар ҷараёни вусъати корҳои созандагиву бунёдкории кишвар ҳамасола дар остонаи таҷлили ҷашни истиқлолияти давлатӣ дар саросари мамлакат сохта, ба истифода додани корхонаҳои нави истеҳсоливу марказҳои хизматрасонӣ, мактабу дармонгоҳҳо, роҳу пулҳо ва дигар иншооти муҳим ба ҳукми анъана даромадааст.
Ин раванд солҳои охир дар шаҳри Ваҳдат низ бомаром идома дошта, хусусан тӯли чанд соли охир бунёду азнавсозии иншооти зиёди таъиноти гуногун, аз ҷумла муассисаҳои соҳаи маориф вусъат гирифта истодааст.
Масалан, танҳо дар давоми солҳои 2011-2014 аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ се муассисаи нави таълимӣ ва 11 бинои иловагӣ барои 4800 ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шудааст.
Илова бар ин, ду рӯз пеш дар деҳаҳои Яфрак ва Зарнисор ду мактаби нав мавриди истифода қарор гирифта, имрӯз дар ҳузури мову шумо боз як муассисаи таълимии замонавӣ дар Ҷамоати деҳоти Гулистон дари худро ба рӯйи омӯзгорону хонандагон боз намуд.
Бо истифода аз фурсат, аҳли маориф, омӯзгорону хонандагон, падару модарони арҷманд ва кулли сокинони шаҳри Ваҳдатро ба ифтихори 24-умин солгарди истиқлолияти давлатӣ ва ба муносибати ифтитоҳи даргоҳи нави илму дониш табрик гуфта, ба шогирдони ин муассисаи навбунёди таълимӣ саломативу хониши хубу аъло, ба устодону омӯзгорон ва мардуми заҳматкаши шаҳр хонаи обод, иқболи нек ва барори кор мехоҳам.
Мактаби имрӯза аз 49 синфхонаи муҷаҳҳаз бо тамоми шароити муосири таълимӣ иборат буда, барои 2400 хонанда дар ду баст бунёд гардидааст.
Бунёд гардидани чунин як мактаби наву замонавӣ омӯзгорону хонандагонро водор месозад, ки рисолати хешро дар бобати таълиму тарбияи насли ояндасоз ва азхуд намудани донишҳои муосир боз ҳам беҳтар ба иҷро расонида, ба хотири рушду ободии минбаъдаи Ватани азизамон дучанд саъю талош намоянд.
Хусусан, устодону омӯзгорони муҳтарами мо бояд кӯшиш ба харҷ диҳанд, ки тамоми донишу таҷрибаи худро ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани сифати таълиму тарбия ва фаъолона ҷорӣ намудани усулҳои муосири таълиму тарбия сафарбар намоянд.
Зеро роҳи асоситарини пешрафти ҷомеа ва ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат мактабу маориф буда, ҷомеа ба ҳадафҳои созандаи худ маҳз дар ҳамин замина комёб мегардад.
Бо ҳамин мақсад соли равон дар буҷети давлат барои соҳаи маорифи кишвар қариб 3 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки ин рақам нисбат ба соли 2014-ум 401 миллион сомонӣ зиёд буда, 19 фоизи буҷети давлатиро ташкил медиҳад.
Дар ин раванд, ҳиссаҷудокунӣ ба соҳаи маорифи шаҳри Ваҳдат агар дар соли 2013 52 миллион сомониро ташкил дода бошад, пас ин нишондиҳанда дар соли ҷорӣ ба 69 миллион сомонӣ расидааст.
Ҳоло дар шаҳри Ваҳдат сохтмони боз се мактаби нав ва таъмиру таҷдиди 8 муассисаи таълимӣ идома дошта, дар давоми 4 соли оянда бунёди боз 4 мактаби нав дар назар дошта шудааст ва тибқи нақша имсол сохтмони муассисаҳои нави таълимӣ дар деҳаҳои Камонгарон ва Чиртак, инчунин бинои иловагии таълимӣ дар назди мактаби рақами 115 оғоз мегардад.
Дар асоси корҳои анҷомёфта ва ба нақша гирифташуда гуфтан мумкин аст, ки солҳои наздиктарин инфрасохтори соҳаи маорифи шаҳр пурра ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ хоҳад шуд.
Солҳои охир иқдомоти неку созанда дар бахшҳои дигари шаҳри Ваҳдат низ мушоҳида карда мешаванд.
Мардуми бонангу номус, сарбаланду ватандӯст ва заҳматқарини Ваҳдат дар рушди иқтисодӣ ва ободонии мамлакат ва диёри худ саҳми арзанда гузошта истодаанд.
Соли гузашта ду маротиба сафари кории Роҳбари давлат ба шаҳри Ваҳдат анҷом дода шуд, ки дар рафти онҳо як қатор иншооти муҳим, аз қабили корхонаҳои истеҳсоли масолеҳи сохтмон, коркарди маҳсулоти чорво, муассисаҳои хизматрасониву фароғатӣ, коргоҳҳои дӯзандагӣ ва гармхонаҳо мавриди истифода қарор дода шуданд.
Мо имсол низ маротибаи дуюм аст, ки ба шаҳри Ваҳдат омадем. Яъне дар ду сол мо чор маротиба ба дидорбинии шумо омадем.
Бо туфайли чунин амалҳои ватандӯстона ҳазорҳо нафар сокинони шаҳр соҳиби ҷойи кор шуда, дар айни замон таъминоти сокинони шаҳри Ваҳдат ва пойтахти кишвар бо маҳсулоти кишоварзӣ хеле беҳтар гардид.
Ҳоло дар ҳудуди шаҳр сохтмони чандин биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, мактабҳо ва варзишгоҳи замонавӣ, боғи фарҳангу фароғат, меҳмонхона ва корхонаҳои истеҳсолӣ босуръат идома дорад.
Қобили зикр аст, ки дар натиҷаи татбиқи сиёсати иқтисодиву иҷтимоии Ҳукумати кишвар рушду инкишофи бомароми ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат, аз ҷумла шаҳри Ваҳдат таъмин шуда истодааст.
Соли равон қисми даромади буҷети шаҳр 127 миллион сомонӣ ва хароҷоти он 104 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2005-ум 21 баробар зиёд мебошад.
Афзоиши мунтазами даромади буҷет ба рушду инкишофи соҳаҳои гуногун, ободонии шаҳр, бунёди иншооти гуногуни истеҳсоливу хизматрасонӣ, сохтмони роҳу хонаҳои баландошёна, муассисаҳои таълимӣ ва тандурустиву фарҳангӣ мусоидат карда истодааст.
Дар давоми солҳои 2010-2015 аз ҳисоби буҷети давлат барои тараққиёти шаҳри Ваҳдат, аз ҷумла ҷиҳати ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, сохтмони иншоот, таҷдиду азнавсозии роҳҳои мошингард ва дастгирии буҷети шаҳр зиёда аз 122 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст.
Ҳамчунин, тӯли солҳои соҳибистиқлолии кишвар 8 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии беш аз 500 миллион сомонӣ (баробар бо 84 миллион доллари амрикоӣ) амалӣ карда шудааст.
Боиси қаноатмандист, ки хусусан тӯли солҳои охир барои таъмири роҳҳои дохилӣ, чароғон кардани кӯчаҳои марказии шаҳр ва азнавсозии роҳу кӯчаҳои ҳудуди шаҳр дастгирии аҳолии шаҳр бараъло эҳсос мегардад.
Дар ин росто, таҷдиди шоҳроҳи мошингарди байналмилалии Душанбе - Кулма имконият фароҳам овард, ки қитъаи Душанбе-Ваҳдат ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардида, азнавсозии 22 километр роҳи дохилии шаҳр пурра ва бо сифати баланд анҷом дода шавад.
Бо вуҷуди пешрафтҳои зикршуда лозим аст, ки чунин иқдомҳои созанда дар оянда низ вусъат дода шаванд ва дар иртибот ба ин, аз роҳбарону масъулони шаҳр ва соҳибкорон тақозо мегардад, ки ба ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди деҳот, бунёди меҳмонхонаҳои замонавӣ, рушди сайёҳӣ ва азнавсозии роҳҳои минтақаи Ромиту Симиганҷ аҳаммияти хоса зоҳир намоянд.
Ҳамчунин, тозаву озода нигоҳ доштани кӯчаву хиёбонҳо ва кабудизоркунии онҳо ҳамчун нишонаи фарҳанги баланди мардуми мо вазифаи ҳар як сокини шаҳр мебошад.
Тавре ки таъкид гардид, соли гузашта дар ҷараёни сафари кории Роҳбари давлат ба шаҳри Ваҳдат дар ҳудуди шаҳр ба сохтмони Маҷмааи истиқомативу хизматрасонии 26 - ошёна, ду бинои 13-ошёна, мактаб барои 1240 ҷойи нишаст, корхонаи истеҳсоли семент бо иқтидори 500 ҳазор тонна семент дар як сол санги асос гузошта шуд.
Ҳамзамон бо ин, барои бунёди варзишгоҳи муосир бо 25 ҳазор ҷойи нишаст ва боғи фарҳангу фароғат хишти аввал гузошта, ба фаъолияти муассисаи табобатии «Парастор» ва мактаби замонавӣ барои 1300 нафар дар ду баст ифтитоҳ бахшида будем.
Тибқи нақша аксари иншооти зикршуда соли оянда дар арафаи ҷашни фархундаи 25-солагии истиқлолияти давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд.
Дар робита ба ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат, дигар сохтору мақомоти дахлдор ва соҳибкоронро зарур аст, ки ҷиҳати сари вақт ба роҳ мондани фаъолияти коргоҳҳо ва бунёди иншооти ба нақша гирифташуда чораҳои иловагӣ андешанд.
Ҳозирини арҷманд!
Мардуми шаҳри Ваҳдат табиатан заҳматдӯсту ободкор буда, барои ободу зебо гардидани диёри худ ҳамеша суботкорона талош меварзанд.
Махсусан, дар панҷ соли охир бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва кӯшишҳои созандаи фарзандони бонангу номус ва бунёдкори ин гӯшаи диёрамон симои шаҳри Ваҳдат ба куллӣ тағйир ёфта, дар ҳудуди он 74 иншооти соҳаи иҷтимоӣ, фарҳангу тандурустӣ ва марказҳои савдову хизматрасонӣ бунёд гардиданд, ки сазовори таҳсин аст.
Бояд гуфт, ки ҷиҳати ривоҷи корҳои созандагӣ ва ободонии шаҳри Ваҳдат саҳми соҳибкорони маҳаллӣ хеле назаррас мебошад.
Имрӯз мо шоҳиди ифтитоҳи ду кӯдакистони хусусӣ барои 150 кӯдак дар Ҷамоати деҳоти Гулистон бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ гардида, санги асоси сохтмони бинои шӯъбаи корҳои дохилии шаҳрро гузоштем ва баъди мулоқот бо шумо ба фаъолияти корхонаи бузурги сементбарорӣ оғоз мебахшем.
Албатта, ҳамаи ин иқдомот натиҷаи ҳамкории босамари Ҳукумат бо бахши хусусӣ мебошад.
Мувофиқи таҳлилҳо барои дастгирии соҳибкорони шаҳри Ваҳдат агар дар соли 2011 65 миллион сомонӣ қарз дода шуда бошад, ин нишондиҳанда дар соли гузашта ба 142 миллион сомонӣ расидааст.
Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ барои дастгирии соҳибкории хурду миёна зиёда аз 70 миллион сомонӣ қарзи дарозмуддат ҷудо карда шудаст, ки омили асосии бо шуғл фаро гирифтани сокинони шаҳр мебошад.
Вобаста ба бунёди корхонаҳои нав ва рушди соҳибкорӣ зикр бояд кард, ки аз соли 2010 инҷониб ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар шаҳр торафт афзоиш ёфта, соли 2014 қариб ба 60 миллион сомонӣ баробар шудааст.
Вале имкониятҳои афзун намудани нишондиҳандаҳои истеҳсолии корхонаҳои саноатӣ дар шаҳр ҳоло ҳам зиёданд ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат вазифадор аст, ки якҷо бо сохтору мақомоти марбута ҷиҳати боз ҳам суръат бахшидани рушди корхонаҳои истеҳсолӣ тадбирҳои мушаххас андешад.
Ҳозирини гиромӣ!
Шаҳри Ваҳдат мавзеи аграриву саноатӣ ба ҳисоб рафта, ҳиссаи соҳаи аграрӣ дар пешрафти иқтисодиёти шаҳр ва таъмини сокинони пойтахти мамлакат бо меваю сабзавот хеле калон аст.
Солҳои охир кишоварзони шаҳр ҷиҳати ноил шудан ба таъмини амнияти озуқаворӣ ва бо меваю сабзавот таъмин намудани аҳолӣ дар майдони садҳо гектар боғу токзори нав бунёд кардаанд.
Густариши шабакаи гармхонаҳо ва вусъати кишти такрорӣ барои афзоиш додани истеҳсоли сабзавоти тару тоза, картошка ва маҳсулоти дигари кишоварзӣ нақши муҳим дорад.
Қобили зикр аст, ки кишоварзони соҳибтаҷрибаи шаҳр аз ҳар порча замин пурсамар истифода намуда, имсол кишти такрориро дар ҳамаи хоҷагиҳо 106 фоиз таъмин намуданд.
Дар ин раванд кишоварзон имконият доранд, ки бо истифода аз усулҳои муосиру самарабахш, омӯхтани таҷрибаи ҳамдигар ва истифодаи тухмиҳои серҳосил ба афзоиши боз ҳам бештари истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ноил шаванд.
Ҳамчунин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва вазорату идораҳоро лозим аст, ки ба масъалаи фаъолияти самараноки муассисаҳои тиббиву фарҳангӣ ва варзишӣ аҳаммияти махсус дода, доир ба пурзӯр намудани чорабиниҳои гуногуни маърифативу варзишӣ ва корҳои тарбиявӣ, бахусус дар байни насли наврас ва ҷавонон тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Масъалаи дигаре, ки бояд дар маркази таваҷҷуҳи ҳамагон қарор дошта бошад, бо истифода аз ҳамаи роҳу василаҳо эътибори ҷиддӣ додан ба тарбияи насли ояндасоз мебошад.
Дар рӯҳияи одобу ахлоқи ҳамида ба воя расонидани фарзандон ва умуман наврасону ҷавонон вазифаи муқаддаси пеш аз ҳама падару модарон, устодону омӯзгорон ва умуман аҳли ҷомеа мебошад.
Ҳамаи моро зарур аст, ки фарзандонамонро дар рӯҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ, ваҳдату ягонагӣ ва илму донишандӯзӣ тарбия намуда, онҳоро ба амалҳои ободкоронаву созанда ҳидояту раҳнамоӣ кунем.
Ҳар як шахси солимфикре, ки аз раванду воқеаҳои ҷаҳони имрӯза огоҳӣ дорад, бояд кӯшиш намояд, ки ҷавононро аз гароиш ба ҳар гуна ҳаракатҳои ифротгаро ва ниҳодҳои террористӣ огоҳ созад, нерӯи зеҳнӣ ва ҷисмонии онҳоро ба илму донишомӯзӣ, азхуд кардани касбу ҳунар ва дигар амалҳои созанда равона кунанд.
Зеро пайравӣ кардану шомил шудани баъзе ҷавонони мо ба ҳар гуна ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ва мазҳаби бегона онҳоро ба сӯи зулмот ва бераҳмию ҷаҳолат мебарад.
Мутаассифона, айни замон 46 нафар сокинони шаҳри Ваҳдат дар задухӯрдҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ иштирок мекунанд ва то имрӯз 11 нафари онҳо дар Сурия ва Ироқ ба ҳалокат расидаанд.
Ҳодисаи нохушу нангине низ, ки субҳи чоруми сентябр дар ҳудуди шаҳрҳои Ваҳдат ва Душанбе сар зада, боиси ҳалокати 9 нафар кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва ташвишу нигаронии мардуми кишварамон гардид, кори дасти шахсони нопоку ҷиноятпеша ва онҳое мебошад, ки ба хотири амалӣ намудани нияту нақшаҳои ҷинояткоронаи худ зиндагии орому осудаи сокинонро халалдор кардан мехостанд.
Бо истифода аз фурсат, ман ба аҳли оилаи кормандони милитсия ва дастаи таъиноти махсуси мақомоти корҳои дохилӣ, ки дар натиҷаи ин кирдори ҷинояткорона ҳалок шуданд, ҳамдардии амиқ изҳор менамоям ва қатъиян таъкид месозам, ки шахсони гунаҳкор ҳатман дар назди қонун ҷавоб мегӯянд.
Ман ҳамчунин ба сокинони шаҳри Ваҳдат, ки дар бобати дастгир кардани ҷинояткорон ба мақомоти корҳои дохилӣ ва амният кумак расонидан, барои чунин амали хайрхоҳона ва ватандӯстонаашон миннатдорӣ баён менамоям.
Дар робита ба ин, бори дигар хотирнишон месозам, ки мо бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошем.
Хусусан, падару модарон, аҳли ҷомеа, зиёиён ва роҳбарону масъулони мақомоти марбута ба масъалаи таълиму тарбияи фарзандони худ бояд бисёр ҷиддӣ муносибат кунанд.
Фарзандони мо бояд хуб дарк кунанд, ки то заҳмат накашанд, илму дониш наомӯзанд, соҳиби касбу ихтисосе нашаванд, ояндаи худ, оилаи худ ва давлату ҷомеаро, ки дар он зиндагӣ хоҳанд кард, обод карда наметавонанд.
Албатта, дар ҳаёти мо камбудиву норасоиҳо ҳоло ҳам зиёданд ва ба хотири бартараф кардани онҳо бояд бисёр заҳмат кашем.
Таъкид месозам, ки рафъи мушкилоти маҷуда боз ҳам аз сатҳи баланди маърифатнокӣ, кордонӣ ва эҳсоси гарми ватандории мо вобаста аст.
Итминони комил дорам, ки мардуми баору номус ва заҳматкаши шаҳри Ваҳдат минбаъд низ бо фаъолияти созандаи хеш барои ободу зебо гардидани Ватани маҳбубамон - Тоҷикистони азиз ва боз ҳам афзун намудани иқтидори иқтисодии мамлакат саҳми арзанда мегузоранд.
Бо изҳори итминон ба ояндаи неки диёрамон ба ҳамаи шумо, ҳозирини арҷманд ва тамоми сокинони сарфарозу заҳматқарин, ваҳдатшиор ва ватандӯсту меҳмоннавози шаҳри Ваҳдат тани сиҳату хотири ҷамъ, рӯзгори пурфайзу бобаракат, хонаи обод ва барори кор орзу менамоям.
Имрӯз, ки дар арафаи ҷашни 24-умин солгарди истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азиз қарор дорем, ҳамаи шуморо бори дигар ба ифтихори ин санаи тақдирсоз самимона табрик мегӯям.
Шоду пирӯз ва саломату сарбаланд бошед, ҳамватанони азиз!

Тақвим

<< < Август 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

© 2007 - 2017 Мақомоти иҷроияи маҳаллииҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат
кӯчаи 20-солагии Истиқлолият 12
735400 шаҳри Ваҳдат
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Development by: UmedSharipov