«МО МОДАРОН, БА АЁДАТИ САРБОЗОНИ ВАТАН МЕРАВЕМ!»

15 фев 2025, 13:58
Навид / Навигариҳо
16

 Дар пайравӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат, чанде пеш зери унвон «Мо модарон, ба аёдати сарбозони Ватан меравем!» вохӯрӣ бо сарбозони қисми ҳарбии 16772 Вазорати мудофияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шаҳри Ваҳдат доир гардид.

Намояндагони Кумита, муовини раиси шаҳр, ва модарону занони фаъоли шаҳр аз қисми низомӣ дидан намуда, бо сарбозону афсарон ва муҳофизони Ватан суҳбату дидорбинии самимона карданд. Ҳамзамон, дар вохӯрӣ масъулон баромад карда, кулли ҷавононони шуҷоъ ва сарбозону афсаронро бо иди касбияшон, ки ҳамасола рӯзи 23-юми феврал дар кишвар ҳамчун рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад, шодбош гуфта, барояшон тани сиҳат, ҷавонии боҷасорат ва дар адои хизмати Ватан садоқатмандиву бурдборӣ таманно намуданд. Зикр шуд, ки хизмат ба халқу Ватан ва ҳифзи осудагиву амнияти кишвар ифтихору виқор барои ҳар як ҷавонмард буда, имрӯз ин ҷавонписарони диловар чунин рисолати муқаддасро бар дӯш доранд.

  Дар вохӯрӣ таъкид гардид, ки тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар як сарбоз дар давраи хизмати ҳарбӣ илова ба гузаштани курсҳои махсуси тахассусӣ, инчунин, касбу ҳунарҳои гуногун, аз ҷумла ронандагиву дуредгарӣ, кафшергару сохтмончӣ, устои барқ ва таъмири автомашинаҳо ва забонҳои хориҷиро низ меомӯзад, то ин ки баъди хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ роҳи фардои зиндагии худро пайдо карда тавонад.

 Модарон ва занони фаъоли шаҳр бо  шароити зист ва хизмати сарбозон дар ин қисми ҳарбӣ  шинос шуда,  волидон,   барои афсарону сарбозон ва  фарзандони некноми худ, ки имрӯз хизмати Модар-Ватанро бо сарбаландӣ адо менамоянд, дастурхон ороста, дастовезҳои овардаи худро болои он гузошта, бо онҳо суҳбати гарму самимӣ доир намуданд.

 Бояд гуфт, ки волидон на танҳо аз дидори писарони ҷасури худ ифтихору шодмонӣ  доштанд, инчунин аз ободии Ватан ва ваҳдату ҳамдилии сарбозон, ки  аз гӯшаҳои гуногуни  мамлакат  ба хизмати Модар-Ватан омада, қарзи фарзандии худро сарбаландона адо менамоянд, изҳори қаноатмандӣ  мекарданд.

Зикр шуд, ки тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо мақсади шиносоии волидон аз шароити буду бош ва хизмати сарбозон дар қисмҳои ҳарбии мамлакат  утоқҳои махсуси дидорбинӣ ва вохӯрии сарбозон муҳайё карда шудааст. Волидону наздикон ва оилаҳои сарбозон метавонанд дар лаҳзаҳои барояшон мувофиқ ба дидорбинии онҳо  ба қисмҳои ҳарбӣ биоянд.

 

 

Ҳамчунин дигар наворҳо: