ҶАЛАСАИ КОРИИ НАЗДИ РАИСИ ШАҲР БАРГУЗОР ГАРДИД

22 янв 2025, 07:52
Кишоварзӣ / Ҳифзи иҷтимоӣ / Навид / Навигариҳо / Соҳаҳо / Аксҳо
33

   Чанде пеш  дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат таҳти раёсати раиси шаҳр Мирзо Исмоилзода ҷаласаи  корӣ баргузор гардид.

  Нахуст, раиси шаҳр доир ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,  Президенти Ҷумуҳрии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки  санаи 17-уми январи соли равон дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат дар соли 2024 ва вазифаҳо барои соли 2025 баён доштанд, ба самъи ҳозирин расониданд.

 Таъкид шуд, ки иҷрои саривақтӣ ва босифати ҳар як дастуру супорише, ки аз ҷониби Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин маҷлис баён гардиданд, вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як шахси мансабдор ва масъулини соҳаҳо бояд дониста шавад.

     Ҳамзамон, Мирзо Исмоилзода, раиси шаҳр масъалаҳои кишти пахта,  интихоби тухмии босифати ҳама намуди маҳсулоти кишоварзӣ, тоза намудани заҳбуру заҳкашҳо, обтаъминкунӣ, яхобмонӣ, содироти маҳсулоти кишоварзӣ, ниҳолшинонӣ ва кабудизоркунӣ, кишти баҳорӣ, рушди соҳаи саноат, супоридани андоз, пардохти маблағи қувваи барқи истифодашуда, омодагӣ ба даъвати баҳории наваскарон, нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ,  бунёди муассисаҳои томактабӣ дар деҳаҳо ва ба таҳсил фаро гирифтани кӯдакон, монеъ нашудан ба таҳсили фарзандон, инчунин, назорати сифати иншооти ҷашнӣ, мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, ба раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳр ва роҳбарони сохторҳои марбутаи шаҳрӣ бо истифода аз имконияту захираҳои мавҷуда барои бартараф кардани камбудиву норасоиҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

  

   Таъкид гардид, ки барои истифодаи самараноки заминҳои кишт, бахусус, кишти пахта ва баланд бардоштани ҳосилхезии онҳо, таъмин намудани хоҷагиҳои кишоварзӣ бо тухмии баландсифати зироатҳои кишоварзӣ,  ва зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ тадбирҳои иловагӣ андешида шавад.

Дар охир раис шаҳр вобаста ба дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар дар соли 2024 баён гардида буд, ба масъулони соҳаҳо вазифагузорӣ намуданд.

 

 

Ҳамчунин дигар наворҳо: