ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ ВАҲДАТ

24 ноя 2026, 15:58
Слайдер / Соҳаҳо / Маориф / Тандурустӣ / Кишоварзӣ / Навид
2
 
   Бо мақсади арҷгузорӣ ба яке аз муқаддасоти миллӣ — Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гиромидошти ин рамзи ҳастии давлату миллат, санаи 24-уми ноябри соли равон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Ваҳдат, роҳпаймоии осоиштаи сокинон, ҷавонони касбу кори гуногун ва барномаи фарҳангӣ- фароғатӣ доир гардид.
Бо эҳсоси баланди ватандорӣ ва ифтихори миллӣ, сокинони сарбаланди шаҳр, бо қадамҳои устувор ба роҳпаймоӣ баромадаанд, то эҳтиром ва садоқати худро ба яке аз муқаддасоти давлатӣ — Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор намоянд.
Дар роҳмаймоӣ роҳбарияти шаҳр, масъулин ва кормандони дастгоҳи раиси шаҳр, кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва раёсату идораҳои назди он ва корхонаҳои шаҳрӣ, соҳаи маориф, тандурустӣ, фарҳанг, варзишгарон, роҳбарият ва устодону донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ ва дигар фаъолони шаҳр ширкат намуданд.
Ҳамзамон, дар майдони Парчами назди варзишгоҳ бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр чорабинии тантанавию фарҳангӣ- фароғатӣ доир шуд.
Маврид ба ёдоварист, ки дар чорабинии маскур муовини якуми раиси шаҳри Ваҳдат Мирзозода Баҳриддин Файзулло, муовинони раиси шаҳр, роҳбарони сохторҳои қудратии шаҳр, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарону кормандони сохторҳои гуногун, намояндагони соҳаҳои маориф, занон ва ҷавонон, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, фаъолон ва дигар сокинони шаҳр фаъолона иштирок намуданд.
Мирзозода Баҳриддин Файзулло зимни суханронии худ ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуда, аз аҳаммияти таърихию сиёсӣ ва арзиши баланди ин муқаддасоти миллӣ ёдовар гардид.
Зикр карда шуд, ки Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи соҳибистиқлолӣ, ваҳдати миллӣ, озодиву соҳибихтиёрӣ ва сарбаландии миллати тоҷик дар таҳкими худшиносии миллӣ, эҳсоси ватандӯстӣ ва ифтихори шаҳрвандӣ нақши муҳим дорад. Эҳтиром ва арҷгузорӣ ба Парчами давлатӣ қарзи шаҳрвандӣ ва нишонаи садоқат ба Ватани азиз мебошад.
Ҳамзамон, таъкид гардид, ки бо шарофати сиёсати хирадмандона ва талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз Парчами давлатии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун рамзи давлатдории миллӣ, сулҳу субот ва соҳибистиқлолии кишвар парафшон аст.
Дар идомаи чорабинӣ як қатор кормандони фаъоли соҳаҳои гуногуни шаҳр барои саҳми арзанда дар рушди соҳаҳо, фаъолияти пурсамар ва хизматҳои шоиста бо ифтихорнома ва сипосномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат сарфароз гардиданд.
Баъдан, дар фазои тантанавӣ ва рӯҳияи баланди ватандӯстӣ барномаи рангини фарҳангӣ-фароғатӣ бо иштироки аҳли фарҳанг ва ҳунармандони шаҳр пешкаши иштирокчиён гардид. Сурудҳои ватандӯстона, шеърҳои тараннумгари Ватан, истиқлолу озодӣ ва Парчами миллӣ ба чорабинӣ шукӯҳу шаҳомати хосса бахшиданд.
Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муборак бошад!

Ҳамчунин дигар наворҳо: