ЗИҲӢ, ЭЙ ПЕШВО, БАР ҶОНИ МО ҶОНӢ

Фикр намекунам таърихи давлатдорӣ номи ҳамаи роҳбаронро дар саҳифаҳои худ ҷо диҳад, хусусан, ба некӣ, чаро? Чунки нақши чунин роҳбарон дар рушди мақоми миллат ва давлат мондагор нест. Аммо мутмаинам, ки номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саҳифаҳои таърихи миллату давлат ҳамчун Сарвари дурандешу бунёдкор ва созандаву нотакрор бо ҳарфҳои тиллоӣ сабт хоҳад шуд.
Баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дар ҷумҳурӣ вазъ хеле ноором гардид. Ҳизбу ҳаракатҳои манфиатхоҳ мардумро ба майдони ҷанг кашиданд.
Бар асари ҷанги шаҳрвандӣ кишвар дар коми оташ қарор гирифту сохторҳои мақомоти давлатӣ пурра фалаҷ гаштанд. Касе ба ояндаи нек умед надошт. Зеро ҳар рӯз нафаре куштаю қисме беному нишон мешуданд. Фазо тира гашта, аз ҳар гӯшаву канор садои тиру таркиш ба гӯш мерасид. Бародар дар симои бародари худ душманашро медид. Мардум аз тарси ҷон фирор мекарданд. Дар як муддати кӯтоҳ манзилҳои ободу корхонаҳои азим хароб гардиданд.
Иқтисодиёти кишвар рӯ ба таназзул ниҳод. Аз як тараф қатлу куштор ва аз сӯйи дигар гуруснагӣ мардумро азият медод. Кишвар ба имтиҳони ҷиддии таърих рӯ ба рӯ гашт. Касе намедонист, ки оянда ин сарзамин ва ин миллатро чӣ интизор аст. Мамлакат дар вазъе қарор дошт, ки сохтори давлатӣ пеши роҳи нооромиҳоро гирифта наметавонист. Мардум гирифтори таҳлука ва ноумедӣ шуда буданд.
Аз 16-уми ноябр то 2-декабри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри бостонии Хуҷанд Ислосияи 16-уми Шурои Олӣ, ки онро Иҷлосияи тақдирсози миллат ҳам мегӯянд, баргузор гардид. Дар кори он аз 222 нафар вакил рӯзи якум, 193 ва рӯзҳои дигар 197 нафарашон иштирок карданд. Дар Иҷлосияи тақдирсози миллат маҷмуан 74 санад, аз ҷумла 15 қонун, 52 қарор, 6 фармон ва як изҳорот қабул гардиданд. Хушбахтона Иҷлосияи мазкур ба қалби ваҳшатзадаву ноумедгаштаи сокинони Тоҷикистон донаи умед ба фардои некро пошид. Бо гузашти наонқадар вақти зиёд дар кишвар ҳукумати конститутсионӣ барқарор шуда, талошҳо баҳри хотимаи ҷанги таҳлилӣ расидан ба сулҳу суботи комил натиҷаҳои худро зоҳир мекард.
Президенти мо хеле хоксору қадршиносанд. Фармудаи бузургонро хуб дар ёд доранд.
Тавозуъ кун, ки ёби арҷмандӣ,
Фурӯтан шав, ки бини сарбаландӣ.
Таассуроти аввалини ҷомеа аз ду хусусият пайдо мешавад. Аввал чеҳраи кушода ва зебо, дуввум гуфтори нарму хушзабонӣ. Ин ду хислат дар сиришти Президенти мо азалист. Шоири маъруфи тоҷик Низом Қосим барҳақ гуфтааст:
Пурнуру шаҳчароғи, эй роҳнамои миллат,
Раҳҷӯйи бахти халқи, эй раҳкушои миллат.
Дар як байт панҷ сифат, пурнур, шоҳчароғ, роҳнамо, раҳҷӯй ва раҳкушо. Ин меҳр аст, эҳтирому эътимоди халқ аст нисбат ба Сарвари худ. Ин сухан танҳо дар васфи касе гуфта мешавад, ки дар дилу дидаи ҳар як сокини кишвар ҷо гирифта бошад.
Сулҳофарии Президенти мо барои оламиён мактаби таҷриба шудааст. Президенти мо дар ақсаи олам унвонҳои фахрии зиёде доранд, вале муҳимтарин унвонҳоро халқи тоҷик ба Пешвояш додаст. Президенти мардумӣ, Пешвои муаззами миллат, Сарвари давлат, Роҳнамои миллат, Роҳбари нотакрор, Маорифпарвар, Фарҳандӯст, Сулҳу ваҳдатофар, Саховатпешаву ятимпарвар ва даҳҳо унвонҳои арзандаи дигар. Шоир Ниҳонӣ дар ин хусус чӣ хуб гуфтааст.
Асоси сулҳу истиқлолу ваҳдатро ту бинҳодӣ,
Зиҳӣ, эй Пешво, бар ҷони мо ҷони ту меарзӣ.
Хулоса, мактаби бузурги сиёсии Эмомалӣ Раҳмон даргоҳи омӯзишу парвариш аст. Дар он метавон дарси давлатдорӣ, ҷавонмардӣ, ватандорӣ, сиёсату одамият омӯхт. Ба он метавон насли ояндасозу соҳибватани миллатро омода кард.
Умедворам ояндаи ин насл, ки пайрави воқеии Пешвои миллатанд, боиси ифтихори тамоми тоҷику тоҷикистонӣ мегарданд. Ҳаққо, ки устод Бозор Собир садои дили мардум ва шиори пиру барнои кишварро хуб ба қалам додааст.
Номи туро нависам, эй Қаҳрамони миллат,
Бо оби ноби тилло дар тоқи Қасри миллат.
Робиямо Каримова, омӯзгори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-и ба номи В. В. Терешковаи шаҳри Ваҳдат
Ҳамчунин дигар наворҳо:



