БАРГУЗОРИИ УСУЛИ «МАКТАБ БА МАКТАБ» ДАР МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ №71

20 ноя 2026, 08:39
Слайдер / Маориф / Соҳаҳо / Навид
1
   Тибқи нақша- чорабиниҳои муштараки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат ва сохторҳои дахлдор, бо мақсади тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ, пешгирии омилҳои номатлуб дар байни наврасону ҷавонон, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва таҳкими ҳамкории муассисаҳои таълимӣ бо ҷомеа, санаи 19-уми ноябри соли равон дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №71-и шаҳри Ваҳдат бо усули «Мактаб ба мактаб» вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ муовини якуми раиси шаҳри Ваҳдат Мирзозода Баҳриддин, намояндагони раёсати маорифи шаҳр, бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, шуъбаи кор бо занон ва оила, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, имомхатибон ва дигар масъулини сохторҳои дахлдор иштирок намуданд.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои муҳими соҳаи маориф, аз ҷумла баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, риояи интизоми дохилимактабӣ, масъулияти омӯзгорон ва падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд, пешгирии ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон, терроризму экстремизм ва шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Мирзозода Баҳриддин зимни суханронӣ оид ба масъалаи тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, риояи қонунгузории кишвар ва масъулияти ҳар як фарди ҷомеа дар таълиму тарбияи насли оянда ибрози андеша намуд.
Ҳамчунин, намояндагони сохторҳои дахлдор вобаста ба пешгирии омилҳои номатлуб, аз ҷумла тақлид ба фарҳанги бегона, истифодаи нодурусти шабакаҳои иҷтимоӣ, риояи талаботи қонунгузорӣ, одобу ахлоқи ҳамида ва масъулияти Шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Ваҳдат бо омӯзгорону хонандагон суҳбатҳои судманд анҷом доданд.
Дар идома масъалаҳои ҳамкории муассисаи таълимӣ бо падару модарон, ҷалби хонандагон ба китобхонӣ, омӯзиши илмҳои дақиқу табиӣ, иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва олимпиадаҳои фаннӣ низ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.
Таъкид гардид, ки роҳбарияти муассиса ва омӯзгорон бояд бо масъулияти баланд фаъолияти худро ба роҳ монда, дар тарбияи насли донишманду соҳибмаърифат, ватандӯсту худогоҳ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ саҳми арзандаи худро гузоранд.
Шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Ваҳдат

Ҳамчунин дигар наворҳо: