ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ — РАМЗИ ВАҲДАТ, ИФТИХОР ВА СУБОТИ МИЛЛӢ
Ҳар як давлати соҳибистиқлол дар ҷаҳон дорои рамзҳои муқаддаси худ мебошад, ки онҳо симои сиёсӣ, таърих ва фарҳанги куҳани он миллатро муаррифӣ мекунанд. Дар миёни муқаддасоти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчами давлатӣ мақоми хосса дошта, ҳамчун нишонаи бахту саодат, озодӣ ва соҳибдавлатии тоҷикон эътироф гардидааст. Маҳз ҳамин арзиши волои миллӣ боис шудааст, ки ҳамасола 24-уми ноябр дар саросари мамлакат ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил карда шавад.Таърихи қабули ин рамзи муқаддас ба давраи ниҳоят ҳассосу тақдирсози миллат рост меояд, ки он замон мардуми тоҷик ба сулҳу субот ва роҳнамоии ояндасоз ниёз доштанд. 24-уми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд, пас аз баррасии лоиҳаҳои зиёд, Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол расман қабул ва тасдиқ гардид. Ин парчам аз ҷониби гурӯҳи эҷодии рассомон ва донишмандон таҳти роҳбарии рассоми халқии Тоҷикистон Зуҳур Ҳабибуллоев тарҳрезӣ шуда, дар он суннатҳои деринаи парчамдории ниёгонамон, аз ҷумла Дирафши Ковиёнӣ, таҷассум ёфтаанд. Баъдан, бо ташаббус ва фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2009 инҷониб рӯзи 24-уми ноябр расман ба феҳристи ҷашнҳои давлатӣ ворид гардид. Инчунин, ба ифтихори 20-солагии Истиқлоли давлатӣ дар соли 2011 дар пойтахти кишвар — шаҳри Душанбе сутунпояи Парчами давлатӣ бо баландии 165 метр бунёд ёфт, ки он замон ҳамчун баландтарин парчам дар ҷаҳон ба Китоби рекордҳои Гиннес ворид карда шуд.
Аз нигоҳи сохтор ва рамзшиносӣ, Парчами давлатии Тоҷикистон матои росткунҷаест, ки таносуби бару дарозии он 1 ба 2 буда, аз се рахи уфуқии ба ҳам пайваста иборат мебошад. Дар ин миён рахи миёнаи сафед нисбат ба рахҳои сурху сабз якуним маротиба паҳнтар буда, ҳар як ранг ва нишонаи он дорои маънии амиқи фалсафӣ ва таърихӣ аст. Ранги сурх рамзи озодӣ, истиқлолият, ҷасорату мардонагӣ ва муборизаҳои фидокоронаи фарзандони фарзонаи миллат барои ҳифзи марзу буми аҷдодӣ мебошад. Дар паҳлуи он, ранги сафед нишонаи бахту саодат, сулҳу оромӣ, покизагӣ, нияти неки мардуми тоҷик ва кӯҳҳои сарбафалаку барфпӯши кишварро ифода мекунад. Ранги сабз бошад, рамзи сарсабзӣ, ободӣ, кишоварзӣ, табиати биҳиштосо ва ҳаёту шукуфоии сарзамини мост. Дар маркази рахи сафед тасвири тоҷи заррин ва болои он ҳафт ситораи панҷгӯша дар шакли нимдоира ҷойгир шудаанд, ки тоҷ нишонаи давлатдорӣ ва соҳибтамаддунии миллати тоҷик ва ҳафт ситора рамзи ҳафт иқлим, бахту иқболи нек ва камолоти маънавӣ мебошанд.
Имрӯз зери парафшонии ҳамин Парчами муқаддас тамоми шаҳру навоҳии кишвар ба сӯи созандагию бунёдкорӣ қадамҳои устувор мегузоранд ва шаҳри Ваҳдат яке аз намунаҳои равшани ин пешрафтҳост. Дар ин шаҳри зебову сарсабз, ки номаш низ таҷассумгари дӯстиву якдилист, Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамасола бо шукӯҳи хосса ва омодагии ҳамаҷониба истиқбол гирифта мешавад. Дар арафа ва рӯзи ҷашн дар тамоми корхонаву муассисаҳо, идораҳои давлатӣ, коргоҳҳои саноативу истеҳсолӣ, беморхонаҳо ва муассисаҳои таълимии шаҳри Ваҳдат ҷамъомадҳои тантанавӣ, мизҳои мудаввар ва чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ доир мегарданд. Кормандону мутахассисони корхонаҳои шаҳр дар фазои идона гирди ҳам омада, дар бораи нақши таърихии Парчами миллӣ дар таҳкими ваҳдати миллӣ, пойдории сулҳу субот ва рушди иқтисодию иҷтимоии диёр суханронӣ мекунанд. Ҳамзамон, ба ифтихори ин санаи муборак дар корхонаву ташкилотҳои Ваҳдат корҳои ободонию кабудизоркунӣ вусъат ёфта, мусобиқаҳои варзишӣ ва барномаҳои адабию мусиқӣ баргузор мешаванд, ки ин ҳама ҳисси худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба муқаддасоти давлатиро дар қалби ҳар як сокин, бахусус насли ҷавон, боз ҳам қавитар месозад.
Дар маҷмӯъ, эҳтиром гузоштан ба Парчами давлатӣ ва арҷ гузоштан ба арзишҳои миллии он на танҳо қарзи шаҳрвандӣ, балки нишонаи садоқату муҳаббати самимӣ ба Ватани азиз мебошад. Бигзор Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои орому осудаи кишварамон, аз ҷумла дар фазои шаҳри ободу зебои Ваҳдат, ҳамеша парафшон бошад ва моро ба сӯи дастовардҳои навини созандагию шукуфоӣ роҳнамоӣ намояд.
Асадулло Ғафуров, сармутахассиси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Ваҳдат
Ҳамчунин дигар наворҳо:
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ дар мулоқот бо соҳибкорону сармоягузорони мамлакат
14.10.2026, шаҳри Душанбе Муҳтарам соҳибкорону сармоягузорон! Ҳозирини гиромӣ! Ҳамаи шумо ва кулли соҳибкорони мамлакатро ба муносибати Рӯзи соҳибкорон самимона табрик мегӯям. Ба ҳар яки шумо дар
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Модар
Модарону бонувони муҳтарам ва хоҳарону духтарони меҳрубон! Мулоқоти идонаи мо ба ифтихори Рӯзи модар дар оғози фасли зебои баҳор, эҳёи тамоми мавҷудоти табиат ва арафаи таҷлили ҷашни Наврӯзи



