ВОХӮРӢ БО УСУЛИ «МАКТАБ БА МАКТАБ» ДАР МТМУ №2

19 ноя 2026, 09:26
Соҳаҳо / Маориф / Ҷавонон ва варзиш / Навид
1
 Дар доираи татбиқи нақшаи муштараки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат бо усули «Мактаб ба мактаб» дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и шаҳр бо иштироки муовини якуми раиси шаҳри Ваҳдат Мирзозода Баҳриддин, намояндагони раёсати маориф, бахши кор бо занон ва оила, бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, имомхатибони масҷидҳои ҷомеъи маҳал, омӯзгорону хонандагон ва падару модарон вохӯрии судманд баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои муҳими соҳаи маориф, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, беҳтар намудани сатҳи донишандӯзии хонандагон, риояи интизоми дохилимуассисавӣ, самаранок истифода бурдани вақти дарсӣ ва тақвияти ҳамкории муассисаи таълимӣ бо падару модарон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Мирзозода Баҳриддин дар суҳбат бо омӯзгорону хонандагон таъкид намуд, ки баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, омода намудани насли босаводу соҳибмаърифат ва дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия намудани наврасону ҷавонон аз вазифаҳои муҳимми муассисаҳои таълимӣ ба ҳисоб меравад. Ҳамзамон, зарурати масъулияти бештар зоҳир намудани омӯзгорон ва ҳамкории пайвастаи падару модарон бо муассисаи таълимӣ таъкид гардид.
Дар идомаи вохӯрӣ масъалаҳои пешгирии омилҳои номатлуби иҷтимоӣ, аз ҷумла терроризм ва экстремизм, шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро, ҳуқуқвайронкунӣ, ҷинояткорӣ ва дигар зуҳуроти номатлуби ҷомеа мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор дода шуданд.
Ҳамчунин, оид ба иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» суҳбат сурат гирифта, нақши падару модарон дар тарбияи дурусти фарзандон, назорати рафтору кирдор ва истифодаи мақсадноки вақти холии онҳо муҳим арзёбӣ гардид.
Истифодаи телефонҳои мобилӣ, таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҷаҳонбинии наврасону ҷавонон, пешгирии пайравӣ ба фарҳанги бегона, ҳифзи арзишҳои миллӣ, риояи либоси миллӣ ва одобу ахлоқи ҳамида низ аз мавзуъҳои асосии вохӯрӣ буданд.
Имомхатибони дар баромадҳои худ ба масъалаҳои тарбияи ахлоқӣ, эҳтироми падару модар, омӯзиши илму дониш, таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ, риояи арзишҳои милливу фарҳангӣ ва пешгирии андешаҳои ифротӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, оид ба оқибатҳои манфии ҳамроҳшавӣ ба гурӯҳҳои тундрав ва равияҳои номатлуб андешаҳои худро баён карданд.
Дар идома вобаста ба ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, эҳтиром ба Ватан, ҳифзи марзу буми кишвар ва иҷрои қарзи шаҳрвандӣ суҳбатҳои хосса доир гардида, аҳаммияти хидмати ҳарбӣ дар тарбияи ватандӯстӣ ва масъулиятшиносии ҷавонон таъкид карда шуд.
Дар фарҷом таъкид гардид, ки пешгирии омилҳои номатлуб, баланд бардоштани сатҳи маърифату дониш ва тарбияи насли солиму ватандӯст танҳо дар ҳамбастагии муассисаи таълимӣ, оила, сохторҳои дахлдор ва ҷомеа имконпазир аст. Аз ин рӯ, масъулини муассиса ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани сифати таълиму тарбия, тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ ва назорати рафтору фаъолияти хонандагон вазифадор гардиданд.

Ҳамчунин дигар наворҳо: