БОЗДИДИ МУОВИНИ ЯКУМИ РАИСИ ШАҲРИ ВАҲДАТ АЗ РАВАНДИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ ДАР МТМУ №2

Имрӯз муовини якуми раиси шаҳри Ваҳдат Мирзозода Баҳриддин аз Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 шаҳри Ваҳдат боздид намуда, бо раванди таълиму тарбия, шароити таҳсил ва фаъолияти омӯзгорону хонандагон аз наздик шинос гардид.
Зимни боздид муовини якуми раиси шаҳр бо омӯзгорон ва хонандагон суҳбати самимӣ анҷом дода, ба масъалаҳои баланд бардоштани сифати таълиму донишомӯзӣ, риояи интизоми дохилимуассисавӣ, истифодаи самараноки соати дарсӣ ва татбиқи усулҳои муосири таълим таваҷҷуҳ зоҳир намуд.
Ҳамзамон, масъалаи тақвияти ҳамкории муассисаи таълимӣ бо падару модарон, ҷалби бештари онҳо ба раванди таълиму тарбияи фарзандон, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Мирзозода Баҳриддин таъкид намуд, ки омӯзгорон бояд дар иҷрои вазифаҳои касбии худ масъулияти бештар зоҳир намуда, барои баланд бардоштани сатҳи дониш, одобу ахлоқ ва ҷаҳонбинии хонандагон пайваста талош намоянд.
Дар фарҷоми боздид ба масъулини муассисаи таълимӣ ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, беҳтар намудани шароити таълиму тарбия, тақвияти назорати дохилимуассисавӣ ва баланд бардоштани сифати таҳсилот дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Ҳамчунин дигар наворҳо:
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ дар мулоқот бо соҳибкорону сармоягузорони мамлакат
14.10.2026, шаҳри Душанбе Муҳтарам соҳибкорону сармоягузорон! Ҳозирини гиромӣ! Ҳамаи шумо ва кулли соҳибкорони мамлакатро ба муносибати Рӯзи соҳибкорон самимона табрик мегӯям. Ба ҳар яки шумо дар
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Модар
Модарону бонувони муҳтарам ва хоҳарону духтарони меҳрубон! Мулоқоти идонаи мо ба ифтихори Рӯзи модар дар оғози фасли зебои баҳор, эҳёи тамоми мавҷудоти табиат ва арафаи таҷлили ҷашни Наврӯзи



