БАРГУЗОРИИ ДАВИ МИЛЛӢ ВА МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ

17 май 2026, 09:50
Слайдер / Ҷавонон ва варзиш / Навид / Соҳаҳо
6
Имрӯз дар шаҳри Ваҳдат бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар ҳамкорӣ бо бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр, Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор гардид.
Дар он кормандони ташкилоту муассисаҳои шаҳр, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, наврасону ҷавонон, сокинони шаҳр, собиқадорон, хонандагони муассисаҳои таъмимию коллеҷҳо, бонувон ва намояндагони васоити ахбори омма фаъолона иштирок намуданд. Раиси шаҳри Ваҳдат муҳтарам Мирзо Исмоилзода, иштирокдорони Дави миллӣ ва марафони велосипедрониро ба муносибати Рӯзи ҷавонон ва чорабинии имрӯза шодбош гуфта, ба онҳо иштироки фаъолона ва солимии ҷомеаро таманно намуданд.
Зикр гардид, ки ҳамасола бо дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Рӯзи ҷавонон дар саросари кишвар «Рӯзи дави миллӣ» бо як шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад.
Ҳамзамон, муҳтарам Мирзо Исмоилзода, зимни баромад зикр карданд: “Чунин чорабиниҳои оммавӣ дӯстиву рафоқатро таҳким бахшида, ба ташаккули тарзи ҳаёти солим замина мегузоранд.
Имрӯзҳо дар шаҳр дар доираи тадбирҳои ҷашнӣ ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ки ҳамасола 23 май дар сартосари кишвар таҷлил мегардад, чорабиниҳои гуногуни тарбиявӣ, солимгардонӣ, фарҳангиву маърифатӣ ва ободонӣ ташкилу роҳандозӣ шуда истодааст.
Баргузории Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ аз ҷумлаи чунин маъракаҳои ҷашнист, ки дар кишвар ба ҳукми анъана даромадааст.
Мусобиқаи Дави миллӣ дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми марти соли 2007 «Дар бораи Рӯзи дави миллӣ» ҳамасола дар ҷумҳурӣ якшанбеи сеюми моҳи май гузаронида мешавад”.
Пас аз баромади раиси шаҳр марафони велосипедрони ва Дави оммавӣ бо эълони доварон оғоз гардид.
Баъд аз қисмати ифтитоҳии чорабинӣ иштирокчиёни Дави миллӣ дар чанд гурӯҳ сабқат карданд.
Дар вазъи тантанавӣ ба ғолибону фаъолони марафони велосипедронӣ ва Дави миллӣ, барои иштироки фаъолона ва саҳмгузорӣ дар оммавӣ шудани варзиш медал, диплом, сипоснома ва мукофотҳои хотиравӣ супурда шуданд.
Гуфта шуд, ки мақсад аз баргузории мусобиқа таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он байни аҳолӣ мебошад.

Ҳамчунин дигар наворҳо: