Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳои Роғун, Ваҳдат, Файзобод ва Варзоб муаррифӣ карда шуд

05 мар 2026, 11:57
---
1

ДУШАНБЕ, 05.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба муаррифии дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳои Роғун, Ваҳдат, Файзобод ва Варзоб дар соли 2027 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2028-2029 ҷаласа баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин вазорат хабар доданд.

Мақсади баргузории ҷаласа аз иҷрои сифатноки дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дарёфти манбаъҳои нави рушд, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, истифодаи самараноки имконияту захираҳои мавҷуда, ба кор андохтани иқтидори нав, фаъол гардонидани иқтидори амалкунанда ва дар маҷмуъ таъмини рушди иқтисоди мамлакат иборат буд.

Гуфта шуд, ки ҳангоми таҳияи дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар соли 2027 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2028-2029 бояд муқаррароти консепсияҳо, стратегияҳо, барномаҳои қабулгардидаи давлатию соҳавӣ ва барномаҳои минтақавии рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳо ба инобат гирифта шаванд.

Дар ҷараёни ҷаласа аз ҷониби муовинони раисони шаҳру ноҳияҳои Роғун, Ваҳдат, Файзобод ва Варзоб  дурнамои нишондиҳандаҳои асосии рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар соли 2027 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2028-2029 муаррифӣ карда шуд.

Баъд аз муаррифӣ нишондиҳандаҳои пешниҳодшуда мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз натиҷаи ҷаласа қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

Иттилоъ дода шуд, ки муаррифии дурнамои нишондиҳандаҳои асосии рушди иҷтимоию иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳо дар моҳҳои март ва апрел гузаронида мешавад.

Ҳамчунин дигар наворҳо: