ТАНТАНАИ ИДИ МОДАР ДАР ШАҲРИ ВАҲДАТ
Ваҳдат: 6.03.2026. Имрӯз ба ифтихори Рӯзи Модар дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №152 –и шаҳри Ваҳдат чорабинии идона баргузор гардид.Раиси шаҳри Ваҳдат Мирзо Исмоилзода, зимни баромади худ иброз намуд, ки таҷлили Рӯзи Модар ба фарорасии фасли баҳор рост омада, таҷассуми меҳру муҳаббати бепоён нисбат ба занону модарон мебошад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба бузургӣ ва азамати Модар чунин гуфтаанд: «Модар ягона мавҷуди мушфиқу ғамхор ва мунису меҳрубонест, ки ба фарзанд ҳаёт мебахшад, ба ӯ сухан гуфтану роҳ рафтанро ёд медиҳад, ӯро тарбия менамояд ва дар раванди тарбия дар қалби фарзанди худ эҳсоси муҳаббату самимият, некиву накӯкорӣ ва инсондӯстӣ ба вуҷуд меоварад, барои босаводу соҳибмаърифат ва соҳиби касбу ҳунар шудани нури чашмонаш саъю талош менамояд».
Дар чорабинӣ гуфта шуд, ки Ҳукумати Ҷуҳурии Тоҷикистон ҳамеша кӯшиш менамояд бо муҳайё сохтани фазои муносиби ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангию фароғатӣ сатҳу сифати зиндагии занонро баланд намуда, онҳоро ҳарчӣ бештар ба фаъолияти сиёсию роҳбарикунанда ҷалб созад.
Имрӯз занону духтарони шаҳр дар тамоми самтҳои ҳаёти ҷомеа бо фаъолияти худ дар рушди бомароми мамлакат саҳми арзишманд мегузоранд.
«Рӯзи Модар яке аз ҷашнҳои фараҳу шодмонӣ, шоистагию қадршиносӣ ва саршор аз садоқати волои инсонӣ аст, ки ҳамасола мардуми Тоҷикистон ва хосса, ҷавонмардони боиззат онро интизор мешаванд ва ба истиқболи шоистаи он омодагии хос мебинанд. Зеро ин ҷашне аст, ки бо исми бузурги Модар пайванд мебошад ва зиндагию рӯзгори ҳар кадоми мо аз муҳаббату самимият ва шарофату фидокории модарон сарчашма гирифтааст»,-изҳор намуд раиси шаҳр.
Ҳамзамон, Мирзо Исмоилзода баён дошт: “Бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифтани Рӯзи Модар дар Тоҷикистон нишонаи эътибор, эҳтиром ва қадршиносии давлату Ҳукумат, бахусус Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми ҷумҳурӣ ба модар ва бузургии ӯ мебошад». Дар чорабинӣ гуфта шуд, ки имрӯз дар шаҳр соҳае нест, ки дар он занону духтарон фаъолият надошта бошанд”.
Дар идомаи чорабинӣ ба модарону бонувони фаъоли шаҳр сипосномаи раиси шаҳр ва туҳфаҳои хотиравӣ супурда шуд.
Дар охир бо иштироки санъаткорони кишвар ва шуъбаи фарҳанги шаҳр барномаи ҳунарӣ барои болидарӯҳии модарон баргузор гардид.
Ҳамчунин дигар наворҳо:
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2022 барои Тоҷикистони мо, дар маҷмӯъ, соли бобарор буд. Ба шарофати заҳмати содиқонаи мардуми кишвар раванди
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ







