НАМОИШ - ФӮРУШИ КИТОБИ НАШРИЁТИ "АДИБ" ДАР ШАҲРИ ВАҲДАТ
Ваҳдат: 27. 02.2026. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани маърифату маданияти мардум ва ҷалби онҳо ба китобхонӣ, тибқи нақшаи чорабинии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар маркази шаҳри Ваҳдат намоиш-фурўши китоби нашриёти «Адиб» баргузор гардид.Зимни намоиш ташкилоту муассисаҳо, сокинони шаҳр, хонандагон, омӯзгорон, кормандони соҳаи фарҳангу маориф, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот китоб харидорӣ намуданд.
Бояд гуфт, ки китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, омоли асосии ҳифзу фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок кардани аҳли ҷомеа мебошад. Он тӯли тамоми зиндагӣ ҳамсафари умри инсон буда, ҳамаи ҳодисаю воқеаҳоро дар худ таҷассум намудаву аз як насл ба насли дигар ба мерос мегузорад. Шукӯҳу шаҳомати миллати тоҷик тавассути китобҳои эҷодкардаи адибону шоирон ва олимону муҳаққиқони қадим то имрӯз дар олам паҳн гаштааст. Мардуми тоҷик аз аввал ба китобхонию китобдорӣ таваҷҷуҳи махсус дорад.
Ҳамзамон, дар Кохи маърифати шаҳр бо фаъолони шаҳри Ваҳдат оид ба фаҳмондадиҳии нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ мулоқот доир гардид.
Дар мулоқот раиси шаҳри Ваҳдат Мирзо Исмоилзода, Вазири фарҳанг Сатториён Матлубахон Амонзода, шоири халқии Тоҷикстон Мутарам Хотам, директори муссисаи нашриёти «Адиб» Раҳмоналӣ Мирализода ва дигарон иштирок доштанд.
Меҳмонон дар чорабинӣ баромад намуда фикру андешаи худро оид ба нуктаҳои Паёми Сарвари давлат баён доштанд.
Дар охир раиси шаҳр Мирзо Исмоилзода, ба масъулини шаҳри Ваҳдат чиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикстон ва иҷрои дастурҳои дар Паёми Пешвои миллат дарҷ гардида, фаъол будан, дар корҳои ҷамъиятӣ, ичрои қатъии вазифаҳои хизматӣ ва вусъати корҳои ободонию созандагӣ супоришҳои мушаххас доданд.
Ҳамчунин дигар наворҳо:
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2022 барои Тоҷикистони мо, дар маҷмӯъ, соли бобарор буд. Ба шарофати заҳмати содиқонаи мардуми кишвар раванди
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ



