БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ КОРИИ МУОВИНИ РАИСИ ШАҲРИ ВАҲДАТ

Чанде пеш ҷаласаи кории муовини раиси шаҳри Ваҳдат Шоира Абдураҳимзода бо роҳбарони якқатор соҳаҳои шаҳр оид, сари вақт иҷро намудани дастуру супоришҳои Сарвари давлат, ки дар Паёми навбатӣ зикр шуд ҷаласа доир гардид.
Ҳамзамон, дар ҷаласаи корӣ оид ба таблиғу ташвиқ ва шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миёни аҳоли, оид ба кумакҳо ба нафарони имконияташон маҳдуд, дар арафаи Соли нави мелодӣ, натиҷагирии соҳаҳо дар соли 2025, нақша чорабиниҳо оид ба бунёдкорию созандагӣ ба истиқболи Ҷашни 35- солагии Истиқлоли давлатӣ ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар оғоз гуфта шуд, ки ҳамасола бо натиҷагирӣ ва муайяну мушаххас намудани нақшаву барномаҳои мукаммал, ки ба рушди босуботи Тоҷикистони маҳбуб ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии шоистаи сокинон мусоидат менамояд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми хешро ба Маҷлиси Олии кишавр ироа менамоянд. Паёми Пешвои миллат ҳамчун санади роҳнамову меҳварӣ бурду бохти тамоми ҷанбаҳои фаъолияти мақомоти давлативу ҷамъиятиро фаро гирифта, дар заминаи он ҳадафҳои рушд дар тамоми соҳаҳо мушаххас мегарданд.
Баён гардид, ки Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ ва сарнавиштсози мамлакат ба ҳисоб рафта, барои фароҳам овардани рушди устувор дар ҳамаи соҳаҳо нақши калидӣ дорад. Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ оид ба пешбурди самараноки сиёсати дохилию хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои гуногун, аз ҷумла саноат, энергетика, кишоварзӣ, роҳу нақлиёт, сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ, маориф ва илму фарҳанг, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, меҳнат ва шуғли аҳолӣ, ҷавонону варзиш ва сайёҳӣ, андозу гумрук, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, рушди муносиботи дӯстию ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, вазифаҳои мушаххас муайян карданд. Дар охир гуфта шуд, ки бо шукргузорӣ аз сиёсати бобарору умедбахш ва нақшаву барномаҳои мукаммалу мушаххас, ки мардумро ба сӯи музаффарияту фардои ободи Ватан раҳнамоӣ менамояд, мо сокинони шаҳри Ваҳдат дар атрофи сиёсати оқилонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳидтар гардида, тамоми донишу малака ва таҷрибаи хешро баҳри шукуфоии кишвари биҳиштосоямон равона хоҳем кард.
Ҳамчунин дигар наворҳо:



